Даъвати Зоиров ба ҳимоят аз Зайд Саидов
Раҳматулло Зойиров, раҳбари ҲСДТ ва Консорсиюми юридикии Тоҷикистон, аз фаъолони ҷомеи шаҳрвандии кишвар даъват кардааст, ки ба беқонунӣ, нақзи ҳуқуқ ва ҳокимияти бемаҳдуди ҳукуматдорон роҳ надиҳанд.
Зойиров бо пахши як изҳорот аз ҷумла аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, созмонҳои ғайриҳукуматии ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ талаб кардааст, то вазифаи давлатӣ ва шаҳрвандии худро мутобиқи қонунгузории кишвар иҷро намоянд. Ба гуфтаи ӯ дар сурати дигар ин ҳуқуқшиносон сазовори бурдани унвони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсонро нахоҳанд дошт.
Раҳбари консорсиюми юридкӣ таъкид кардааст, ки Тоҷикистон дар пешорӯи интихоботи президентӣ дар вазъе қарор гирифтаст, ки ҳукумат барои нигоҳ доштани худ бо ҳар роҳу восита кӯшишу саркӯб намудани ҳар ибтикори ҷомеаи шаҳрвандиро дорад.
Аз ҷумла Зоиров қазияи боздошти Зайд Саидов, ки нияти таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”-ро дошт, зикр намуда, афзудааст, ки ҳимояи холисонаи ҳақуқҳои ҳамаҷонибаи Зайд Саидов ин ҳимояи манфиатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, демократия ва адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд: “Ба беқонунӣ, нақзи ҳуқуқ ва ҳокимияти бемаҳдуд набояд роҳ дод. Ғайриқонунӣ лағв кардани Шӯрои ҳамоҳангсозони асосиатсияи соҳибкорони бидуни ҳузури Зайд Саидов, дастгириаш зимни фаромадан аз ҳавопаймо бо поймол кардани ҳуқуқи дахлнопазирии вакилӣ ва ҳамзамон бекор кардани ин дахлнопазирӣ бидуни ҳузури шахсиаш бозгӯйкунандаи дасти дарози ҳукумат ва ҳокимияти бемаҳдудияти ҳукумат мебошад.”
Зоиров нерӯи 3 вакили дифоъро, ки айни ҳол барои ҳимоят аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов ҷалб шудаанд, дар баробари имкониятҳои ҳукумат ночиз хонд: “Ҳимоя кардани манфиатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо роҳи дифоъ аз ҳуқуқ барои муттаҳидшавӣ ва таъсиси ҳизби сиёсӣ, дар ҳоли ҳозир яке аз вазифаи аслии ҳуқуқшиносон дар парвандаи Зайд Саидов мебошад.”
Раҳбари консорсиюми юридикӣ ҳушдор медиҳад, ки дар сурати ғайр ҳаракати дифоъ аз ҳуқуқи инсону ҷомеаи шаҳрвандие, ки имкони назорати амали ҳукумати давлатиро дошта бошад, имконнопазир аст.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон субҳи 19-уми май боздошт шуда, дар порагирӣ муттаҳам мешавад. Ин иттиҳомот баъди эълонаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” сар заданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |