Дипломатҳои тоҷику Бразилия “сангпартоӣ”-и сокини Душанберо баҳс карданд
Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, муайян шудааст, ки воқеан шаҳрванди 22 солаи тоҷик, сокини шаҳри Душанбе рӯзи шанбеи 18-уми май ба суйи дарвозаи Сафорати Бразилия дар Маскав санг партофтаааст.
Тавре Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, дирӯз бо ин шаҳрванд, ки феълан дар идораи мақомоти пулиси Маскав боздошт шудааст, кормандони бахши консулгарии сафорат мулоқот доштанд.
Имрӯз, 21-уми май, мулоқоти роҳбари Хадамоти консулгарии сафорат Садбарг Ғаниева бо яке аз масъулини Сафорати Бразилия дар Русия сари ин масъала баргузор гардид. Ҷонибҳо аз сар задани ин ҳодисаи нохуш изҳори таассуф намуданд ва гуфтанд, ки он набояд ба муносиботи дӯстонаи кишварҳои мо таъсир расонад. Мувофиқа шуд, ки сафоратҳои Тоҷикистону Бразилия ин масъаларо то ба охир дар якҷоягӣ баррасӣ хоҳанд кард.
Муҳаммади Эгамзод афзуд, ки ҷониби Бразилия низ аз ин иқдоми нофаҳмои шаҳрванди мо изҳори нигаронӣ дорад: “То замони пурра дақиқ намудани ҷузъиёти ин ҳодиса ва маълум кардани сабаби ба ин кор даст задани шаҳрванд, мо иловатан чизе гуфта наметавонем. Мо бо Бразилия муносиботи хуб дорем ва аслан миёни кишварҳои мо мушкиле мавҷуд нест. Бинобар ин, бо эътимоди бештаре метавон тахмин зад, ки ин амали ноҷо ҳаргиз ҷанбаи сиёси нахохад дошт. Ин як нофаҳмист."
Расонаҳои Русия хабар доданд, ки нисбати шаҳрванди Тоҷикистон алакай парванда бо ҷурми авбошӣ кушода шудаааст ва ба ӯ 5 соли зиндон таҳдид мекунад. Дар бозпурсии мақомоти пулиси Маскав шаҳрванди Тоҷикистон гуфтааст, сабаби ба ин кор даст заданаш заҳролуд кардани муҳити зист аз ҷониби Бразилия аст. Мақомоти пулиси Маскав парвандаи мазкурро ба Додгоҳи ноҳияи Пресняи Маскав супоридааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |