“Тоҷикистони нав” аз 3 узви “камфаъол”-аш хостааст, “хориҷ шаванд”
Се узви гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани менеҷерони миллӣ, Сангинбой Сангинов, узви академияи илмҳои кишоварзӣ ва Бахтиёр Баҳодуров, коршиноси мустақил аз ин гуруҳ хориҷ шудаанд.
Ин нуктаро дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” Мавҷуда Соҳибназарова, узви гуруҳи ташаббускор таъйид карда, афзуд, ки ба далели камфаъолиятӣ дар қазияи Зайд Саидов, роҳбари гуруҳ аз шахсони зикршуда хоҳиш шудааст, ки аз гуруҳ хориҷ шаванд.
Соҳибназарова афзуд, “мо худ аз ин шахсиятҳо хоҳиш кардем, ки аз гурӯҳ хориҷ шаванд. Чунки дар рӯзҳои аввали сар задани қазияи боздошту парвандаҳо алайҳи роҳбари гуруҳ бо мо ҳамроҳ набуданд. Мо тамоси телефонӣ гирифтем, баҳонахо пеш оварданд, ки гуиё бемор шудаанду, ҳоло наметавонанд дар ҷойҳои ҳодиса ҳозир шаванд.»
Маврид ба зикр аст аз ин қаблтар Абдураҳим Алиев, собиқ раиси ноҳияи Шоҳмансур ва Ҷамшед Ҳафизов, муовини раҳбари ширкати «Тоҷсохтмон байналмиллал» низ аз гуруҳи ташаббускори “Тоҷикистони нав” хориҷ шуданд.
Аммо баробари ихроҷшудаҳо давоми ду рӯзи ахир Ғуломиддин Сайфиддинов, энергетики тоҷик, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори иқтисод ва Барзу Абдураззоқов, коргардони машҳури театр расман эълон карданд, ки ба гуруҳи ташаббускори “Тоҷикистони нав” пайвастаанд.
Аз ташаббускорони қаблӣ ҳозир дар ин гуруҳ, роҳбари гуруҳ, соҳибкори боздоштшуда, вазири пешини саноати Тоҷикистон, Зайд Саидов, Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, Маҳмудҷон Қосимов, ҳуқуқшинос ва Мавҷуда Соҳибназарова боқӣ мондаанд.
Ин гуруҳ аввали моҳи апрел аз таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” хабар дода, ба аксуламали шадиди мақомот рӯ ба рӯ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |