Узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ 700 ҳазор шаҳрвандро бе ҷои кор мемонад
Бархе аз вакилони Қирғизистон мегӯянд, баъд аз вуруди ин кишвар ба Иттиҳоди гумрукӣ садҳо ҳазор ҳамватанонашон бе ҷойи кор мемонанд.
Бино ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, Ургал Қодиралиева, намояндаи мардумии ин кишвар гуфтааст, ворид шудани Қирғизистон ба Иттиҳоди гумрукӣ 700 ҳазор шаҳрванди қирғизро бе ҷойи кор мекунад.
Ин намояндаи мардумии қирғиз, аз гуфтаҳои Алиясбек Алимқулов, вазири шуғл, муҳоҷират ва ҷавонони Қирғизистон, ки шаҳрвандони бекори кишвараш ба маблағи 200 то 700 сом кӯмакпӯлӣ мегиранд, ибрози нигаронӣ намуда, гуфтааст, бо ин маблағ дар ин шароит наметавон зиндагӣ кард.
Вале ба назари Алиясбек Алимқулов вуруд ба Иттиҳоди гумрукӣ имтиёзҳои дигареро дорад, ки кишвараш бояд ба онҳо даст ёбад: “Албатта, бе ҷои кор мондани шаҳрвандон боиси нигаронӣ мебошад. Аммо ворид шудан ба ин созмони гумрукӣ имтиёзҳои бештаре дорад ва мо бояд ба ин нигоҳ накарда, ба он шомил шавем.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |