Ҷавонони тоҷик аз Маскав ба Э.Раҳмон суолҳо ироа кардаанд (ВИДЕО)
Ҷаласаи клуби омӯзишии “Ҳукумати оянда”, дар Маскав ба вохӯрии президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон бахшида шудааст, ки 23-юми майи соли равон дар назар аст. Ҷавонони тоҷики шаҳри Маскав дар ин ҷаласа тариқи видеоҳисобот саволҳои худро ба президенти кишвар ироа кардаанд.
Дар ин ҷаласа, ки бо ташаббуси Иззат Амон, роҳбари иттиҳодияи ҷавонони тоҷики Русия ва Бахтиёр Сатторӣ, коршиноси масоили муҳоҷират баргузор шудааст, ҷавонони тоҷик аз Маскав ба раисиҷумҳур суол додаанд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон тӯли бист сол нотавон будани худро нишон дод. Кай дар ҳукумат навоварӣ хоҳад шуд? Барои чӣ ҳукумат монеъи ташкили ҷамъиятҳои шаҳрвандӣ мешавад? Барои чӣ ҳукумат ба аҳзоби сиёсӣ имкони фаъолият карданро маҳдуд мекунад? Барои чӣ президент бо мардуми Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом намедиҳад, чуноне ки ин корро Владимир Путин ҳамасола анҷом медиҳад? Барои чӣ дар Тоҷикистон шахсиятпарастӣ рушд мекунад? Чӣ кори дигаре метавон кард, то ки таҷрибаи шиканҷадиҳӣ барҳам хӯрад?”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |