Ҷасади ёфтшудаи ноболиғ дар Бадахшон ташхис мешавад
Ҷасади Парвиз Вазирбеков, хонандаи синфи 8-уми ноҳияи Дарвоз, ки дар маргаш марзбонони тоҷик муттаҳам мешаванд, барои ташхис равона шудааст.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Ғанимат Аҳмадов, вакили мудофеи хонаводаи Вазирбеков хабар дода афзуд, ки “то имрӯз сабаби марги Парвиз Вазирбеков муайян ва тасдиқ нагардидааст. Вобаста ба ташхиси тиббӣ, ки дар ҷараён аст омилони марги ӯ муайян хоҳад шуд. То ҳол дар ин бора ягон фарзияи нав низ нест.”
Гуфта мешавад Парвиз Вазирбеков доимо бо сарбозони қисми низомӣ рафтуомад доштааст ба ивази сӯзишворӣ онҳоро бо маҳсулоти зарурӣ таъмин мекардааст. Аммо шоми 1-уми май ҳангоми додугирифт тибқи фарзияи тафтишот сарбозон аз тарси ошкор нашудани муомилоти ғайриқонуниашон, Парвизро дар зарфи дорои сӯзишворӣ пинҳон мекунанд, ки ӯ дар онҷо нафасгир ва ба ҳалокат расидааст. Баъди рафъи хатар сарбозон омада сарпӯши зарфро мекушоянд, вале кӯдак аллакай фавтида будааст. Пас аз ин сарбозон гӯиё ҷасади ноболиғро ба дарё мепартоянд ва ҷисми беҷони ӯ танҳо баъди 18 рӯз пайдо шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |