Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия имрӯз дар Вашингтон бо Барак Обама, президенти ИМА ва котиби департаменти давлатии ин кишвар Ҳилларӣ Клинтон дидору гуфтугӯ мекунад.
Бино ба навиштаи хабаргузоии «Lenta.ru» дар ин музокирот ҷонибҳо ба барномаҳои давлати Обама дар бораи эҷоди сипари дифои зиддимушакӣ дар Аврупо бештар таваҷҷӯҳ кунанд. Гуфтанист, ин тарҳҳо, яке аз масъалаҳои баҳсбарангези муносиботи Амрикову Русия ба шумор меравад. Чанде қабл дар робита ба ин мавзӯъ Сергей Лавров эълом дошта буд, ки барномаи мазкури Амрико барои Русия хатарзост ва ин тарҳ метавонад амнияти кишварашонро зери суол барад.
Манбаъ менависад, яке аз масъалаҳои дигари баррасишаванда, ба узвияти Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат пайвастани Русия ва мавзӯоти иқтисодӣ аст.{jathumbnail off}
Мӯҳр