Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи интернетии телевизиони К+, www.kplus-tv.net, масдуд гардидааст. Корбарони интернет дар Тоҷикистон мегӯянд, аз субҳи имрӯз, 21-уми май, наметавонанд барномаҳои ин телевизионро дар шабакаи интернет тамошо кунанд.
Рафиқҷон Шокиров, муовини аввали раҳбари Хадамоти алоқа дар сӯҳбат ба «Озодагон» гуфт, ниҳодашон дар масдудияти ин сомона даст надорад: «Шояд ҳамон провайдерҳо мушкил дошта бошанд, ё худи ширкати К+. Вале мо ба ин сомона ҳеч кордор ҳам нашудаем.»
Масдудияти сомонаи К+ дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш ин шабака туйи Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар шарҳи Додоҷони Атовулло, яке аз мухолифи ҳукумат мунташир карда буд. Ин навор, ки рақсу бозиҳои элитаи Тоҷикистонро намоиш медиҳад, вокунишҳои зиёдеро ба бор овардааст.
Мӯҳр