50 ҳамсабақи Зикруллои ғарқшуда ӯро кофтуков доранд (АКС)
Тақдири сокини 22-солаи ноҳияи Ховалинг Зикрулло Табаров Тағоевич, ки чанд рӯз қабл зимни оббозӣ дар дарёи Ҷайҳуни шаҳри Қӯрғонтеппа ғарқ шуда буд, ҳанӯз норӯшан аст.
Ҳотамшо Шарифов, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, чанд рӯз аст, ки 22 нафар кормандони ситоди мо ва 50 нафар донишҷӯёни Донишкадаи энергетикии вилоят - ҳамсабақҳои Зикрулло дохили обро мекобанд, аммо то ҳол натиҷа нест.”
Ӯ афзуд, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷойи муайяни шиноварӣ дар дарёҳо мавҷуд нест ва ҳавзҳои шаҳр ҳамагӣ ду ададанд: “Агар ҷойи муайян бошад, мешавад кӯдакону дигаронро наззора кард.”
Ин масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда даъват кард, ки ҳарчанд моҳи май фасли оғози оббозист, “азбаски оби дарёи Вахш ҳамеша сард аст, аз шиноварӣ худдорӣ варзида шавад, чун аллакай 8 кас дар ин обҳо ҷони хешро бохтаанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |