Тиллои Тоҷикистон ба чӣ меарзад?
СИЁВУШ ҚОСИМЗОДА
Захоири тилло ва арзии Тоҷикистон ба хотири поин рафтани нархи тилло дар бозори ҷаҳонӣ коҳиш ёфтааст. Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон ҳаҷми захоири тиллои кишвар 950 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 22 миллион доллар камтар аз нишондиҳандаи моҳи декабри соли 2012 мебошад.
Ҳаҷми захоири тиллои Тоҷикистон нигаронкунанда аст. Ба гуфтаи масъулини БМ коҳиши нархи тилло дар бозори ҷаҳонӣ таъсири манфие на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми кишварҳои ҷаҳон доштааст. Имрӯз дар захоири давлатӣ 13 тонн тилло воқеъ аст. Порсол БМ 1,1 тонн тилло аз истеҳсолкунандагони дохилӣ барои дубора пур кардани захоири дохилӣ тилло харид.
Мутобиқи омор захоири тиллои Тоҷикистон ҳар сол афзоиш меёбад. Дар соли 2012 захоири тиллои кишвар 972 миллион доллар ва дар соли 2011 801, 6 миллион долларро ташкил дод, ки 20,7 фоиз бештар аз ҳамин нишондиҳандаи соли 2010 мебошад.
Аммо ин зиёдшавӣ бо таваҷҷуҳ ба поин рафтани нархи тилло дар бозори ҷаҳонӣ чандон хурсандкунанда нест. Зеро захоири тилло дар зери контроли сохторҳои моливу пулии давлатӣ қарор дошта дар ҳар лаҳза метавонад барои касри тавозуни пардохт, дахолат дар бозори асъор истифода шавад, ки ба курси асъори миллӣ таъсир мегузорад.
Дар ҳамин маврид Баҳром Шарипов коршиноси умури бонкӣ мегӯяд, зиёда аз 900 миллион доллар аз дидгоҳи ҳаҷми он ахбори комил намедиҳад, ки ин кам аст ва ё барои нигоҳ доштани баланси пардохтии Тоҷикистон фақат дар муқоиса бо ҳаҷми воридоти Тоҷикистон муаян карда мешавад. Аз нигоҳи иқтисодӣ бояд захоири тиллоии ҳар як давлат барои пардохт намудани семоҳа воридоти маҳсулот бояд кифоят кунад.
"Аз ин дидгоҳ мувофиқи нишондодҳои худи БМТ ҳаҷми захираҳои кишвар фақат барои мӯътадил пардохт намудани 1,2 моҳ кифоя аст, яъне он кофӣ намебошад. Ҳарчанд ММД зиёд шудааст, аммо воридот камокон нисбат ба содирот бештар аст, ки ин боиси манфӣ шудани тарози савдои хориҷӣ гардидааст. Ин ҳолат хавфҳоро ҳам зиёд кардааст", гуфт Баҳром Шарипов.
Аммо Нозим Ишанкулов, директори иҷроияи Маркази бозори озоди Тоҷикистон шароити кунуниро барои Тоҷикистон қонеъкунанда дониста мегӯяд, ки асосан вазъият тамоман хушҳолкунанда мебошад. Чун захираҳои БМТ дар охири соли 2012 ба 46% афзоиш ефтааст нисбат ба соли 2011, ва 5 маротиба нисбат ба соли 2009. Ба гуфтаи номбурда қатъан бо БМТ дар бораи кам шудани захираҳои тиллою асъор ба сабаби паст шудани нархҳои ин металли қимматнок дар бозорњои ҷаҳонӣ розист.
"Барои санҷидани кифоят будани ин ҳаҷми захираҳо, дар байни иқтисодчиён бисёр роҳҳои гуногуне вуҷуд дорад. Чунончи дар ҳама ҷаҳон як тавсияро истифода мебаранд. Ҳаҷми захираҳои тиллою асъор набояд камтар аз ҳаҷми воридоти се моҳаи кишвар бошад. Барои санҷиши он ҳосил зарби басандагии захираҳои тиллою асъор корбурд мегардад", изҳор дошт Нозим Ишанкулов.
Давлат нисбат ба истеҳсолот бетафовут нест
Бояд гуфт нархи ҷаҳонии тилло дар 2 соли ахир ҳануз ҳам дорад поин меравад. Нархи ҳар як унси тилло рӯзи 13-уми май соли ҷорӣ 1 ҳазору 427,2 долларро ташкил дод. Поин рафтани нархи тилло дар 15-и апрели сори ҷорӣ мушоҳида шуд вақте, ки ҳар як унси тилло аз 1 ҳазору 476,1 доллар то 1 ҳазору 358,4 доллар суқут кард. Дар авоили сол низ 1 унси тилло дар бозори ҷаҳонӣ камтар аз 1 ҳазору 660 долларро ташкил дод.
Нозим Ишанкулов директори иҷроияи Маркази бозори озоди Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳаҷми воридоти се моҳи ахири кишвар ба 1,1 миллиард доллар баробар шудаст. Пас ҳаҷми воридоти семоҳа каме зиёдтар аст нисбат ба захираҳои тиллову асъорӣ. Соли 2009 захираҳои тиллоии Тоҷикистон камтар аз имрӯз буд, бинобарин ва муқоиса бо он сол нишон медиҳад, ки нисбат ба ҳаҷми воридот дар як моҳ, аҳволи ин сола бисёр хуб мебошад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Баҳром Шарипов зиёд кардани захоири тиллоиву асъории Тоҷикистонро зарурӣ дониста мегӯяд, ки давлат талош дорад қобилияти содиротии кишварро боло барад. Воридоти мол ба кишвар боиси хуруҷи асъори хориҷӣ ба берун мешавад, ки бояд пеши роҳи онро бо истеҳсоли ҳамон маҳсулот дар кишвар гирифт. Ба андешаи номбурда давлат барои расидан ба он нишондиҳандаи олие, ки сатҳи макроиқтисодӣ ва молиявиро нигоҳ медорад, хароҷоти сангин карда истодааст.
Беш аз 50 фоизи захоири тиллоиву асъории Тоҷикистон аз худи тилло иборат аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҷаҳон ин таносубҳо каме дигар аст. Аз ин рӯ, барои кам кардани хавфҳои паст шудани нархи тилло бояд захираҳоро бисёртар бо асъорҳои хориҷӣ нигоҳ дошт. Аз ҷумла доллару Евро, ки тавассути онҳо Тоҷикистон ба дигар давлатҳо қарзу дигар пардохтҳои гуногунро анҷом медиҳад. Таъсири омилҳои берунӣ аз ҷумла поин рафтани нархи тилло зиёд аст, ки барои ҳамин бояд қобилияти дохилиро мустаҳкам кард.
Бо таваҷҷуҳ ба онки нархи тилло дар бозори ҷаҳонӣ доимо дар ҳоли пастшавист, ба кишвари содиркунандаи тилло табдил шудани Тоҷикистон ва ёфтани ҷойгоҳ дар бозори ҷаҳонӣ душвор менамояд. Вале иқтисоддонон хароҷоту даромади тилло дар Тоҷикистонро 15 миллион доллар дониста мӯътақиданд, ки бозори ҷаҳонии тилло васеъ буда ба ҳамин хотир Тоҷикистон онро бештар ҳамчун захира истифода барад на ҳамчун воситаи гирифтани даромад.
Иқтисоддонон вазъияти Тоҷикистонро мӯътадил дониста ин мӯътадилиро аз ҳисоби қарзҳои берунӣ медонанд. Бо ин вуҷуд тараққиёти Тоҷикистон фақат аз ҳисоби қарзҳо хатарнок буда дар ҳолати бад шудани вазъитяи макроиқтисодӣ ин нишондодҳо қафо бармегарданд. Давом додани ин ҳолат сатҳи зиндагии мардумро поин бурда таваррумро боло ва захираҳои пулиро беқурб мекунад. Барои ҳамин фазои сармоягузориро беҳтар намудан зарур аст, то сармояҳои мустақим ба Тоҷикистон ворид шавад на қарз. Дар ин ҳолат барои тараққӣ ёфтани базаи молиявӣ ва имкониятҳои молиявии онро боло бурдан шароит фароҳам меояд.
Тоҷикистон ҳамчунон захиракунанда на содиркунанда
Соли 2012 содироти Тољикистон $1 106,2 - ро ташкил дода, воридот $3, 011,6 ва тавозуни савдои кишвар $-1 905,4 шудааст. Дар соли 2011 содироти Тољикистон $1 047,0, воридот $2 613,7 ва тавозуни савдо $-1 566,7 - ро ташкил намуда буд. Бо таваљљуњ ба ин омор тавозуни савдои хориљии Тољикистон дар ќиёс бо давраи соли гузашта $-338,7 манфӣ баромадааст. Ин оморњо њокӣ аз он аст, ки њаљми тиллои Тољикистон дар баробари воридоти кишвар њеч аст.
Албатта афзоиш додани содироти ватании кишвар коҳиши воридотро металабад, то бадин васила асъори хориҷии бештареро Тоҷикистон ба даст оварда захоирашро бо асъор пур кунад на тилло. Аммо мақомдорони тоҷири инҳисоргаро, ки аз воридот даромади ҳангуфт мегиранд, майле ба ҷон гирифтани истеҳсолот дар кившар надоранд.
Лозим ба ёдоварист, ки тамоми захоири тиллои Тоҷикистон дар БМТ ва бонкҳои кишварҳои Шветсария, Олмон ва Амрико нигоҳдорӣ мешавад. Ин кор ба хотири таъмини бехатарии ин захоир арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |