ҲНИТ боздошти З.Саидовро "сирф сиёсӣ" унвон кард
Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар ҷаласаи худ рӯзи 20-уми майи соли 2013 вазъи сиёсии кишварро баррасӣ намуда, боздошти роҳбари Гурӯҳи муассисони ҳизби «Тоҷикистон нав» ва вакили маҷлиси шаҳрӣ, Зайд Саидовро як амали сирф сиёсӣ ва ҳадафмандона, инчунин мухолиф ба қонунгузории кишвар ва фарҳанги сиёсӣ хонд.
Тавре Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ ба “Озодагон” иттилоъ дод, Шӯро бо пахши як изҳорот “ба ҳабс гирифтани вакили маҷлиси шаҳрӣ бе бекор кардани ваколати ӯ ва бе исботи судии гуноҳаш, нишонаи яктарафа ва ғаразнок будани худи эълони парвандаҳои ҷиноӣ ва рафти тафтишот арзёбӣ кард”
Дар изҳороте, ки Шӯрои сиёсии ҲНИТ паҳн кардааст, аз ҷумла омадааст:
Аз тарафи дигар, муттаҳам кардани ӯ ба «ҷиноятҳои содиркарда» дар замони фаъолияташ, ҳамчун узви Ҳукумати ҶТ, танҳо пас аз эълони Зайд Саидов барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, баёнгари ин аст, ки ҳатто қонуншиканӣ ҳам ба худиву бегона, тарафдор ва бетараф ҷудо карда шудааст. Чаро солҳои тулонӣ дар бораи қонуншикании ӯ аз забони мақомот ҳарфе садо намедод ва «камбудиҳо»-и ӯро ошкор накарданд? Набояд фаромӯш кард, ки Зайд Саидов натанҳо як дигарандеш ва фаъоли сиёсиву иқтисодист, балки як инсони хидматкарда дар ҷомеъа, инчунин барои наздиконаш падар, бародар, шавҳар ва фарзанд мебошад. Беэҳтиромӣ ба тақдири як инсоне, мисли ӯ, беэҳтиромӣ ба тақдири садҳо ва ҳазорҳо шаҳрвандони ин кишвар мебошад ва ҳамаи он нафароне, ки худро ҳамфикру ҳампаймони ӯ меҳисобанд. Чунин тарзи муносибат ба шаҳрвандон, танҳо ба хотири андешаҳои дигар доштан, эътимоду бовариро ба ҳокимият коста гардонида, ноумедиӣ ва нигарониро бештар месозад.
Кишвари мо таҷрибаи бойи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ миёни нерӯҳои сиёсиро дорад, ки сулҳу ваҳдати миллӣ натиҷаи ҳамин ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром будааст. Баръакс, душмантарошӣ, манфиатҷуйӣ, поймол кардани ҳуқуқи якдигар ва беэҳтиромӣ нисбати инсону шаҳрванд кишвари моро як маротиба ба хушунат ва низоъ кашонд. Вале бо талошҳои зиёди миллат ва роҳбарони сиёсии он ба сулҳу ваҳдат расидем, набояд дигар ба иқдомоти эҳсосотӣ, саросемавор ва носанҷида даст зад.
Бинобар ин, Шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошти Зайд Саидовро як амали сирф сиёсӣ дониста, даъват менамояд, ки муносибат нисбат ба ӯ бо риояи тамоми ҳӯқуқҳояш, ҳамчун шаҳрванд ва вакили маҷлиси шаҳрӣ анҷом шавад. Инчунин, аз мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсиятҳои миллии кишвар бори дигар даъват менамоем, ки фарҳанги ҳамдигарфаҳмӣ, муколама ва эҳтироми тарафайнро дар ҷомеъа таҳким бахшанд ва нагузоранд, ки вазъи орому босуботи кишвар дар арафаи чорабиниҳои муҳими сиёсӣ рӯ ба ноустуворӣ ва беэътимодӣ биёрад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |