Боздошти донишҷӯён бо иттиҳоми фурӯши мухаддирот
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи як амалиёти вижа як гурӯҳи ҷиноятпеша, ки ба хариду фурӯши мухаддирот дар шимоли кишвар машғул будааст, ошкор гардид.
Тавре аз ин ниҳод иттилоъ доданд, зимни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ се нафар истиқоматкунандагони вилояти Суғдро дастгир карданд, ки ду нафарашон донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров будаанд.
Дар айни замон маълум шудааст, ки ташкилкунандаи гурӯҳи ҷиноятии мазкур истиқоматкунандаи 36-солаи шаҳри Хуҷанд мебошад ва қаблан бо моддаи 237 “авбошӣ”-и Кодеси ҷиноии Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум гашта буд.
Айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |