Тоҷикистон ниҳоят маҳбусҳои афғонро раҳо кард
Маҳбусони афғон, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебурданд, ба кишварашон мунтақил шудаанд.
Хабаргузориҳои Афғонистон аз қавли Вазорати умури дохилии ин кишвар иттилоъ додаанд, ки Тоҷикистон рӯзи 16-уми май як гӯруҳи 14-нафараи маҳбусони афғонро ба Кобул супурдааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Муҳаммаддовуд Иброҳимхел, муовини сафири Афғонистон дар Тоҷикистон аз таъхир дар раҳоии навад маҳбуси афғон аз зиндонҳои Тоҷикистон, ибрози нигаронӣ карда, ба хабарнигорон гуфт, ҳудуди як сол мешавад, ҷониби Тоҷикистон бо баҳонаҳои мухталиф 90 маҳбуси афғон дар зиндонҳои худро раҳо накарда, тавофуқномаи дуҷонибаи миёни ду кишвар дар мавриди маҳбусонро риоя намекунад.
Ба гуфтаи дипломати афғон, дар аввал Тоҷикистон гуфтааст, дар сурати озод шудани зиндониёни тоҷик аз маҳбасҳои Афғонистон, зиндониёни афғонро озод хоҳанд кард. “Вале ҷониби Афғонистон ҳамаи зиндониёни тоҷикро ба истиснои ду нафар раҳо кардааст. Се нафари дигар аслан намехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд ва тибқи созишномаи дуҷониба дар мавриди маҳбусҳо, гуфта шудааст, ки агар маҳбус нахоҳад ба ватанаш баргардад, иҷбори интиқоли ӯ манъ аст.”
Ёдрас менамоем, соли 2007 миёни вазоратҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Афғонистон дар заминаи истирдоди зиндониён мувофиқатномае имзо ба имзо расида, ин санад аз ҷониби порлумонҳои ҳар ду кишвар низ тасвиб шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |