Дар ҳамин ҳол, масъулини мақомоти Тоҷикистон ин иддаои намояндаи СММ-ро бепоя хонда мегӯянд, ТАЛКО тарҳҳои вижаи экологиро пиёда карда, ба ҳеҷ ваҷҳ сабабгори олудагии фазо ва муҳити зисти минтақа нест. Игор Сатторов, сардори шӯъбаи иттилоот ва таҳлили корхонаи арзизи Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» гуфт: «Айни замон ТАЛКО бо навтарин таҷҳизоти муосири ҳифзи муҳит ва фанноварии ҷадид ҷиҳозонида шуда, зарари партовҳои коркардшуда чандин маротиба коҳиш ёфтааст». Сатторов зимни ташреҳи ин мавзӯъ ҳамчунин афзуд, ин як баҳонаи пуч аст ва гурӯҳҳои манфиатдор мехоҳанд ба ҳар роҳ қазияро сиёсӣ кунанд ва фишорро болои Тоҷикистон ба гунаи дигар роҳандозӣ намоянд. Ин дар ҳолест, ки ширкати «ТАЛКО» соли гузашта фақат ба хотири кам кардани зарари партовҳо ва ҳифзи муҳити зист ҳудуди 30 миллион сомонӣ, ё муодили 7 миллион доллари амрикоӣ харҷ кардааст ва имсол низ ҳамин миқдор маблағро сарфи тарҳи мазкур хоҳад кард, илова кард Игор Ӯроқович.
Маврид ба ёдоварист, корхонаи тавлиди алюминиюми Тоҷикистон мавсум ба «ТадАз» баҳори соли 1975 сохта ба истифода дода шудааст, ки алъон бо номи ширкати «ТАЛКО» маъруф аст. Ин корхона бузургтарин истеҳсолкунандаи алюминий дар Осиёи Марказӣ буда, зарфияти истеҳсолиаш дар як сол баробар ба 500 ҳазор тонна арзизи тайёр аст ва ягона корхонаи воридкунандаи арзи хориҷӣ ба буҷаи кишвар маҳсуб мегардад.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |