Ороиши интихоботии номзадҳои раёсати ҷумҳурии Эрон
Касби курсии раёсати ҷумҳурӣ барои ҳар гурӯҳи сиёсӣ дар Эрон аз корҳои муҳҳим аст, чаро ки пас аз мақоми раҳбарӣ, раиси ҷумҳур олитарин мақоми расмии кишвар аст. Аз ҳамин ру иқдомоти сиёсиюн дар Эрон аз аҳамияти хосе бархурдор аст.
Бар асоси таҳаввулоти сиёсӣ дар солҳои ахир, метавон ҷарёнҳои пешрав дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ояндаро ин гуна тақсим намуд:
1- Усулгароён
2- Ислоҳталабон
- Усулгароён
- суннатиҳо:
Усулгароёни сунатӣ, ки то қабл аз ташкили шурои ҳамоҳангии неруҳои инқилоби исломӣ ба номи ростсуннатӣ шинохта мешуданд, аз се гуруҳи муҳими ҷомиаи руҳонияти мубориз, ҷомееи муддарисини ҳавзаи илмияи Қум ва ҷабҳаи пайравони хати имом ва раҳбарӣ ташкил мешавад.
Ихтилофи назари ҳар ҳар кадом аз ин гурӯҳҳо ҳамвора вуҷуд дошта аст ба гунае ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии нуҳум, ҷомеаи муддарисин аз номзади хосе ҳимоят нанамуданд ва ҳамин вазъ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии даҳум барои ҳар ду ҷомиа ба вуҷуд омад ҳар чанд ки дар интихоботи соли1388 аксарият аз Маҳмуди Аҳмади нажод ҳимоят мекарданд. Аммо нигоҳе ба таърихи ин гуруҳ нишон медиҳад, ки бо вуҷуди ихтилофи раъйҳо, дар аксари маворид ба натиҷаи воҳид расида ва аз фарде хос ҳимоят кардаанд.
Хусусияти фарқуқнандаи қадимитарин гуруҳи усулгаро аз дигар гуруҳҳои сиёсиро метавон дар чанд амр донист: 1- Меҳвар қарор додани руҳоният, 2- таъкиди зиёд бар ақлгароӣ ва маслиҳат андешӣ дар айни инқилобгароӣ, 3- истифода аз чеҳраҳои бо собиқа ва маъмулан ғайри ҷавон.
Ростсуннатӣ аз он ру ки мавириди ҳамлаҳои бисёр дар хусуси чархаи қудрат қарор гирифта аст ба самте хоҳад рафт, то зимни мушахас кардани моҳияти инқилобии худ аз чеҳраҳое ки тавони ҳошиясозӣ барои онон бештар аст, истифода нанамоянд. Аз аз ҳамин ру қатъан бо интихоби афроде ки дар фитнаи 1388 мавзеъи ошкор ва мушххасе доштанд, саъй дар нишон додани гуфтумони инқилобии худ дорад.
2) Иттиҳоди таҳаввулхоҳ ва пойдор
Қатъан дар нигоҳи аввал ин иттиҳод бисёр аҷиб ба назар мерасад, хусусан барои онки таҳаввулоти интихоботи нуҳумин давраи маҷлисро комил расад мекарданд: аммо нигоҳе ба таҳаввулоти баъд аз интихоботи маҷлиси Эрон нишон медиҳад, ки бархе аз афроди ҳар ду гуруҳ ба якдигар наздик ҳастанд. Сабаи ин наздикӣ низ аз ихтилофоти бавуҷуд омада миёни усулгароёни маҷлиси нуҳум ба хубӣ пайдо аст, навъи нигариши нисбатан наздик ба ҳами ин ду ҷарён ба амалкарди хосе дар фитнаи 1388 , нигоҳе нисбатан наздик ба якдигар дар хусуси ростсуннатӣ ва ... аз ҷумлаи сабабҳои ин иттиҳод аст.
Албатта таваҷҷуҳ ба ин нукта зарурӣ ба назар мерасад, ки ихтилофи шадид байни ин ду ҷарёни усулгаро хусусан дар мавриди мизони ҳимоят ва робита бо давлат, ба ҳадде аст ки дар сафи аввали бисёре аз ихтилофот дар инхтиоботи маҷлиси нуҳум, афроди ин ду гуруҳ истода буданд, аз ҳамин ру ин иттиҳоди бисёр шикананда ба назар меояд. Бо ин ҳол наздикии кунунии таҳаввулхоҳон ва пойдориҳо ба якдигар, ки то ҳадде худро дар ҷарёни интихбти раёсати маҷлис низ нишон дод, ҳикоят аз он дорад, ки афроди саршиноси ҳар ду гурҳ мавриди ҳимояти ин иттиҳод хоҳанд буд.
3) Ҳомиёни давлат
Дар ибтидо зикри ин нукта зарурӣ аст, ки манзур аз ҳомиёни давлат он даста аз афроде нестанд, ки заъифкунӣ ва тахриби давлатро бар худ ҳаром медонанд, ки агар манзур он даста буданд, аксари усулгароҳоро шомил мешуд. Балки манзур афроде ҳастанд, ки хати фикрии онҳо бо давлат яксон мебошад, дар воқеъагаро номи ин нафродро давлатиҳо бигузорем беҳтар аст, аммо ба далели пешгрӣ аз суи тафоҳум, ҳамон ҳомиёни давлатҳоро истифода мекунем. Аслитарин таблиғоти ҳомиёни давлат ҳимояти раиси ҷумҳур аз эшон аст, маҳбубияти раиси давлат хусусан дар бархе манотиқи маҳруми кишвар боис шуда, то ин гурӯҳ бар ин бовар бошанд ки дар интихоботи оянда гуйи мусобиқаро аз дигар усулгароён хоҳанд рубуд. Сарфи назар аз инки чи таҳлилеро метавон барои ин иддао баён намуд, бояд таваҷҷуҳ кард, ки ин бовар дар интиҳои ду давлати қаблӣ баъд аз ҷанг низ шакл мегирифт, ба гунае ки ҳомиёни Ҳошимии Рафсанҷонӣ саъй бар он доштанд то бо тағйири қонуни асосӣ иҷозаи ширкат дар интихоботро барои сеюмин бори пай дар пай ба вай бидиҳанд, то бори дигар давлат ба дасти коргузорон биафтад. Дар интиҳои давлати Хотамӣ низ ба далеи вуҷуди ҳамин тавассур, муъаян барои ҷалби назари мардум таблиғ менамуд, ки раъй ба вай тавсияи раиси ҷумҳур аст. Албатта равшан аст ки шароити кунунии кишвар ва шиорҳоеро, ки Аҳмадинажод ва ҳомиёни вай медиҳанд бисёр мутафовит аст. Аз ин ру мумкин аст ки шароити солҳои 1376 1384 набошад, аммо бо таваҷҷуҳ ба чархишҳои ахири давлат ба назар мерасад, ки ҳомиёни давлат бояд барномаи дақиқтареро барои ҳузур дар рақобатҳо дар назар бигиранд.
2) Ислоҳталабон
Дар ин баён ислоҳталабон ба ду дастаи муътадил ва ифротӣ тақсим бандӣ шудаанд; то қабл аз фитнаи 1388(2009) бо баёни ислоҳталабони ифротӣ афроде монанди Беҳзоди Набавӣ, Саъиди Ҳаҷҷориён ва амсоли эшон ба зеҳн мерасид, аммо баъд аз фитна, ҳақ он аст ки ин ашхосро хориҷ аз низом бидонем ва афроде монанди Саид Муҳаммади Хотамӣ, Мусавии Хуиниҳо ва ...ро ифротӣ муаррифӣ намоем.Чаро ки мавозиъи ин афрод дар фитна ва пас аз он ки то кунун идома дорад, ифротро ба хубӣ нишон медиҳад.
1) Муътадилҳо:
Манзур аз муътадилҳо он даста аз ислоҳталабоне ҳастанд, ки дар хусуси муқобила бо низом, хусусан дар фитнаи 1388 ошкоро ба майдон наёмада ва ҳатто интиқодҳоеро низ ба ин шева матраҳ мекарданд ва ба ҳамин далел ҳанӯз дар дохили низом ба фаъолият мепардозем ва бар хилофи ифротиюн, ин гуруҳ ба мулоқоти мақоми муъазами раҳбарӣ рафта ва аз ҷониби эшон низ пазируфта мешаванд; афроде монанди Саид Ҳасан Хумейнӣ ва Маҷиди Ансорӣ дар ин гурӯҳ ҷой мегиранд.
2) Ифротиҳо:
Ин даста ки ба далели муқобилияти мустақимашон бо низом, аз вазъияти номатлубе бархурдор ҳастанд, бояд барои пок кардани чеҳраи худ иқдомнотеро анҷом диҳад. Яке аз ин иқдомоти муаррифии номзадҳои комилан ислоҳталаб, дар айни ҳол ором ва нисбатан муваҷҷаҳ аст. Аз ҳамин ру бисёре аз онон бо тарҳ ва мутақоид кардани Ҳошимии Рафсанҷонӣ барои номзадӣ, мувофиқанд.
Дар муҳлати панҷ рӯзи сабти ном аз номзадҳои раёсати ҷумҳур, 38 чеҳраи сиёсӣ барои номзадӣ дар интихботи раёсат ҷумҳурӣ сабти ном карданд.
Пас аз поёни муҳлати панҷ рӯзаи сабти ном аз номзадҳои ёздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, дар миёни довталабони сабти ном карда, 37 чеҳраи шинохта шуда аз гуруҳҳои мухталифи сиёсӣ бо ҳузур дар вазорати кишвар, сабти ном карданд.
Номи кондид рузи сабти ном охирин масьулият ҷарёни сиёсӣ
1 Содиқ Воиззода рузи аввал раиси маркази исломӣ- эронӣ пешрафт мустақил
2 Комрон Боқирии Ланкаронӣ рузи аввал вазири беҳдошти давлат усулгаро
3 Муҳаммад Саидиқкиё рузи аввал вазири маскани давлати нуҳум мустақил
4 Ҳасан Руҳонӣ рузи аввал узви маҷмаи ташхиси маслиҳати низом ислоҳталаб
5 Мустафо Кавокиён рузи аввал намоядаи маҷлиси ҳаштум ислоҳталаб
6 Хусрав Насирзода рузи аввал дабири маҷмаьи мутахаасисин мустақил
7 Ҳасан Субҳонӣ рузи дуюм Намояндаи маҷлиси ҳафтум мустақил
8 Маҳмуд Музаффарӣ рузи дуюм Раиси созмони ҳилоли аҳмар давлат
9 Муҳаммад Ғарзӣ рузи сеюм вазири пост ва телегрофи давлати Ҳошимӣ мустақил
10 Боқир Харрозӣ рузи сеюм Дабири кули Ҳизбуллоҳ мустақил
11 Али Фаллоҳиён рузи сеюм вазири иттилооти давлати Ҳошимӣ мустақил
12 Руҳуллоҳ Аҳмадзода Кирмонӣ рузи сеюм раиси созмонӣ мероси фарҳангӣ давлат
13 Муҳаммадризо Ориф Рузи чоҳорум муовини давлати ислоҳот ислоҳталаб
14 Ғуломали Ҳаддоди Одил Рузи чоҳорум намояндаи маҷлииси нуҳум усулгаро
15 Акбар Аъламӣ Рузи чоҳорум Намояндаи маҷлиси шашум ислоҳталаб
16 Алиризо Зоконӣ Рузи чоҳорум намояндаи маҷлиси нуҳум усулгаро
17 Алиризо Алиаҳмадӣ Рузи чоҳорум вазири омузиш ва парвариши давлати нуҳум давлат
18 Муҳсин Ризой Рузи чоҳорум дабири маҷмаи ташхиси маслиҳат мустақил
19 Доввуд Аҳмадинажод рузи панҷум дабири кулли доими падофанди ғайри омил усулгаро
20 Ҷавод Итоъат рузи панҷум узви шурои марказии ҳизби эътимодӣ миллӣ ислоҳталаб
21 Муҳаммадбоқир Қолибоф рузи панҷум шаҳрдори Теҳрон усулгаро
22 Парвизи Коземӣ рузи панҷум вазири рифоҳи давлати нуҳум давлат
23 Муҳаммад ҳасан Абутуробӣ фард рузи панҷум ноиби раиси маҷлиси нуҳум усулгаро
24 Алиакбар Ҷавонфикр рузи панҷум мушовири матбуотии Аҳмадинажод давлат
25 Иборҳим Асғарзода рузи панҷум намояндаи маҷлиси сеюм ислоҳталаб
26 Абулҳасан Наввоб рузи панҷум раиси донишгоҳи адён ва мазоҳиб мустақил
27 Таҳмосб Мазоҳирӣ рузи панҷум раиси собиқи бонки марказӣ мустақил
28 Масьуд Пизишкиён рузи панҷум намояндаи маҷлиси ҳаштум ислоҳталаб
29 Алиакбар Вилоятӣ рузи панҷум мушовири раҳбарӣ дар умури байналмилал усулгаро
30 Манучеҳр Муттакӣ рузи панҷум вазири умури хориҷа усулгаро
31 Ромин Меҳмонпараст рузи панҷум сухангуи вазорати умури хориҷа мустақил
32 Муҳаммад Шариатмадорӣ рузи панҷум вазири бозаргонии давлати Хотамӣ ислоҳталаб
33 Саид Ҷалилӣ рузи панҷум дабири шурои олии амнияти миллӣ усулгаро
34 Содиқ Халилиён рузи панҷум вазири кишварзии давлати даҳум давлат
35 Муҳаммадҳасан Қадири абёнӣ рузи панҷум сафири собиқи Эрон дар Мекзика усулгаро
36 Исфандиёр Раҳим машоӣ рузи панҷум раиси дафтари раиси ҷумҳур давлат
37 Алиакбар Ҳошимии Рафсананҷонӣ рузи панҷум раиси маҷмаьи ташхиси маслиҳати низом ислоҳталаб
38 Муҳаммадризо Раҳимӣ рузи панҷум муовини аввали Аҳмадинажод давлат
39 Аҳмад Кошонӣ рузи панҷум намоядаи давари аввал ва дуюми маҷлиси шурои исломӣ
40 Мустафо Изидӣ рузи панҷум муовини вазири нафти давлати созандагӣ мустақил
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |