Бахшҳо

“Қаноат намехоҳад, ки дар зодрӯзаш маҳфиле ороем"

Имрӯз, 20-уми май дар Тоҷикистон зодрӯзи ду шоири мумтози тоҷик, Лоиқ Шералӣ ва Муъмин Қаноат таҷлил мегардад.

Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, бахшида ба зодрӯзи Лоиқ Шералӣ онҳо бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ ва хонандагони мактабҳо ба сари қабри шоир рафта дуо ва шеърхонӣ кардаанд. Инчунин дар Донишгоҳи миллӣ бахшида ба ин рӯз як мулоқотро ба нақша гирифтаанд.

Дар мавриди ҷашни зодрӯзи устод Муъмин Қаноат, роҳбари ИНТ гуфт, “мо хостем ба хонаи муаллим рафта аз наздик ӯро табрик намоем, аммо вақте ба ӯ занг задем, маълум гашт, ки устод ба шаҳри Ваҳдат ба айёдати хешовандонаш рафтааст. Алъон интизорем, ба хонааш, ки баргашт, рафта табрикашон мекунем”.

Меҳмон Бахтӣ афзуд, ки “Муъмин Қаноат намехоҳанд, ки мо барояш ягон маҳфили адабие гузаронем. Боз дар нақша дорем, ки дар маҳфиле, ки бахшида ба 60 соли бурду бохти шӯъбаи Итифоқи нависандагон дар вилояти Суғд гузаронда мешавад дар он ҷо ёдбуди Лоиқ Шералиро низ ҷашн гирем. Ва инчунин дар бораи муаллим Муъмин Қаноат як ду сухан мегӯему агар розӣ шавад, ӯро низ бо худ мебарем.”

Дар ҳамин ҳол Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Озодагон” хабар дод, ки барои зодрӯзи Лоиқ Шералӣ ва Муъмин Қаноат ягон чорабиние дар нақша надоранд.
Мӯҳр
Чи даркор охир? Баро вазорати фарханг чашни Лоику Муъмин синачунбони набошад. Шеъри бе чунбон чунбон ба ки мефора?

Инсон магзи гапа гуфти.

Aмир
Барои вазорати фарханг таронаи 'очта бгу' бошад. ))

Беном
Охир хеч фикр кардед, ки чаро Устод Каноат намехоханд шумо, яъне Иттифоки нависандахо барояш чашне бигиред? Порсол дар чашни хаштодсолагияш масхарабозие, ки кардед барои хафт пушташ бас аст. Шумо факат ба хукуматдорон хушомад гуфтанро медонеду бас ва номи хар чи шоиру нависанда буд сиёх кардед...

Иброхим
МУХТАРАМ БАХТИ УМУМАН ИНТ ШУМО БА ХЕЧ КАС ЛОЗИМ НЕСТ!!! ВАКТЕ КИ ЛАКАЙХО ШОИР ПИРИМКУЛ САТТОРИ БУРДА ПАРРОНДАНД АЗ ИНТ САДОЕ НАБАРОМАД, ВАКТЕ КИ БОЗОР СОБИРРО БА ХАБС КАШИДАНД АЗ ИНТ САДОЕ НАБАРОМАД, ВАКТЕ КИ ФРОНТИ ХАЛКИИ КАРИМОВ - ЕЛСИН ДАР ДУШАНБЕ БА КАТЛИ ОМИ БАДАХШОНИЁН, ГАРМИЁН, ДЕМОКРАТХО, РУХОНИЁН ПАРДОХТАНД АЗ ИНТ САДОЕ НАБАРОМАД . ИНТ АЗ УСТОД АЙНИ ОГОЗ ШУДУ БО УСТОД КАНОАТ АНЧОМИД. ИН ТАРАФАШ ШУЪБАИ ФРОНТИ ХАЛКИ БУДУ ВА МЕМОНАД...

Иброхимчон офарин. Кандотона занед, магзи гапа ба ин нодонхо ва бефархангихо задед.

Хайрон
Барои ман ачиб ин аст,ки дар инчо вазорати фарханг чи дахл дорад. Хамаи эътирозхоро бояд ба М.Бахти гуфт,чун раиси ИНТ ягон накшаи чорабиниро оиди чашн гирифтани имруза махфил ба В.Ф. пешниход накарданд.

Солех
Бовар кунед касе шерои инора намехонад ва намедонад ягон махфили эчоди е ягон чорабини байни худшон кунад хамучада худ шон барои худшон шерошна мехонанд, кироат мекунанд чун ки хеч каси дигар намехонад мане надоранд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)