Сомонаи ҲНИТ дубора дастрас шуд
Сомонаи расмии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикситон, “nahzat.tj” дубора дастрас гардид.
Муҳибуллоҳи Қурбон, сармуҳаррири торнамои расмии ҲНИТ ба “Озодагон” гуфт, субҳи имрӯз, 20-уми май, торнамои расмии ҲНИТ тариқи “nahzat.tj”, ки аз рӯзи 25-уми апрели соли ҷорӣ қатъ гардида буд, дубора дастрас шуд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Маҳмудҷон Файзраҳмонов, мудири ин сомона, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” ҳушдор дод, ки дар сурати масдуд боқӣ мондани торнамои ҲНИТ аз болои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.
Ёдрас менамоем, дастрасӣ ба сомонаи расмии ҲНИТ тариқи nahzat.tj, nahzat.org ва nahzat.net аз рӯзи 25-уми апрели соли ҷорӣ қатъ гардида буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |