Сайфиддинов ҳам ба ташаббускорони “Тоҷикистони нав” пайваст
Ғуломиддин Сайфиддинов, энергетики тоҷик, имрӯз, 20-уми май расман ба гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” пайвастааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта, 19-уми май Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори иқтисод ва Барзу Абдураззоқов, коргардони машҳури театр аз вурудашон ба гуруҳи ташаббускори “Тоҷикистони нав” хабар доданд.
Маврид ба зикр аст аз ин қаблтар Абдураҳим Алиев, собиқ раиси ноҳияи Шоҳмансур ва Ҷамшед Ҳафизов, муовини раҳбари ширкати «Тоҷсохтмон байналмиллал» аз гуруҳи ташаббускори “Тоҷикистони нав” хориҷ шуданд.
Аз ташаббускорони қаблӣ ҳозир дар ин гуруҳ, роҳбари гуруҳ, соҳибкори шинохта, вазири пешини саноат ва рушди иқтисоди Тоҷикистон Зайд Саидов, Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани менеҷерони миллии Тоҷикистон, Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, Сангинбой Сангинов, узви академияи илмҳои кишоварзӣ, Маҳмудҷон Қосимов, ҳуқуқшинос, Мавҷуда Соҳибназарова, рӯзноманигори мустақил ва коршиноси масоили иқтисодӣ Бахтиёр Баҳодуров шомил мебошанд.
Ин гуруҳ аввали моҳи апрел аз таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” хабар дода, ба аксуламали шадиди мақомот рӯ ба рӯ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |