Нимаи дуюми имрӯз, 12-уми июл вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ сафири тозатаъини ҷумҳурии исломии Покистон дар Душанбе Амҷад Ҳусайн Баркаталӣ Сиялро ба ҳузур пазируфт.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии вазорати хориҷа иттилоъ доданд. Гуфта мешавад, зимни ин нишаст дипломати покистонӣ нусхаи эътимодномаи сафириашро ба ҷаноби Зарифӣ супорида, сипас баррасии масоили ҳамкориҳои дуҷониба сурат гирифт.
Бино ба қавли манбаъ, масоили вобаста ба густариши муносибатҳои байни ду кишвар - Тоҷикистону Покистон аз мавзӯоти меҳварии муҳокимашаванда маҳсуб гардиданд. Сафири Покистон таъкид намуд, ки дар адои вазифаи нави худ кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ба муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистону Покистон саҳми арзанда гузорад. Қайд гардид, ки барқарор намудани тамоси бештар байни мардум ва доираҳои соҳибкорони ду кишвар ба қавӣ гардонидани муносибатҳо рӯҳи тоза мебахшад. Ҳарду ҷониб мувофиқ ба он буданд, ки густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Покистон робитаи мустақим ба вазъият дар Афғонистон дорад ва бояд дар таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоии дар он кишвар Тоҷикистон ва Покистон саҳмгузор бошанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр