Эмомалӣ Раҳмон аз Пекин бо садҳо миллион $ бармегардад
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, рӯзи 19-уми май аз Таиланд ба шаҳри Пекини Чин рафта, бо роҳбарони як қатор ширкатҳои маъруфи ин кишвар мулоқот намуд ва онҳоро розӣ кунондааст, ки ба иқтисодиёти кишвар садҳо миллион доллар сармоягузорӣ намоянд.
Тавре Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон иттилоъ дод, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Хуан Ҷянжун, роҳбари ширкати Чайна глобал ва Ван Хайтао, президенти Иттиҳодияи саноати кӯҳӣ, густариши истеҳсолот дар ширкати муштараки кӯҳкории Зарнисор ва ташкили ҳамкорӣ дар дигар конҳои кишварро баррасӣ намуд.
Дар ин вохӯрӣ зикр гардидааст, ки ширкати Чайна глобал тасмим дорад, дар марҳилаи якуми бунёд ва рушди ширкати муштараки “Зарнисор” беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда, ҳамчунин дар шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) як комбинати бузурги металлургӣ бунёд намояд.
Гуфта шудааст, ки шумораи коргарони ин ширкат аз Тоҷикистон бояд ба 2-3 ҳазор нафар расонда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон ба ин ширкатҳо тавсия додааст, ки барои дастрасӣ ба конҳои нави Тоҷикистон дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намоянд, зеро ҳоло ин кор танҳо тавассути чунин озмунҳо имконпазир аст.
Хадамоти матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон зимни ин сафари худ ҳамчунин бо президенти ширкати кӯҳкории Зиҷин, Чэн Ҷин Хэ мулоқот карда, доир ба афзоиши истихроҷ ва коркарди саноатии тилло дар корхонаи муштараки Зарафшон гуфтугӯй намудааст: “Ин ширкат тайи 6 соли кор дар кони Зарафашон дар ин ҷо беш 210 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намуда, ба буҷети кишвар 22 миллион доллари амрикоӣ андоз супурдааст. То имрӯз истеҳсоли солонаи тилло ба 1 тонна ва шумораи коргарон ба 2 ҳазор нафар расонда шудааст. Тибқи нақшаҳои мавҷуда то солҳои 2014-2015 истеҳсоли тилло ба 4-5 тонна ва шумораи коргарон бояд ба 3 ҳазор нафар расонда шавад”.
Тибқи талабу дархости ҷониби Тоҷикистон ин ширкат бояд як корхонаи коркарди мис дар кишвар бунёд намояд.
Дар мулоқот бо Го Жэнсян, роҳбари ширкати Дунин доир ба сармоягузорӣ ва рушди масоили вобаста ба сохтмони корхонаи коркарди нафт дар ҷануби Тоҷикистон баррасӣ шудааст: “Ин корхона дар солҳои наздик бояд бо иқтидори солонаи коркарди 1 миллиону 200 ҳазор тонна нафт сохта шавад. Дар марҳилаи аввали он то 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҷо бо кор таъмин хоҳанд шуд”.
Ширкати мазкур фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Корпоратсияи миллии нафтии Чин ташкил хоҳад кард.
Айни ҳол сафари кории раисиҷумҳур ба Пекин давом дорад ва дар назар аст, ки маҷмӯан зимни ин мулоқот 10 созишномаи нав ба имзо расанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |