Бахшҳо

Изҳороти “Тоҷикистони нав”: Фишори мақомот азми моро намешиканад

Гуруҳи ташаббускори “Тоҷикистони нав” бо пахши як изҳорот фишори мақомотро болои аъзои гуруҳ ва аз ҷумла роҳбари он, Зайд Саидов, маҳкум намуда, таъкид мекунад, ки азми гуруҳ барои таъсиси ҳизб ҳамоно қавист. Дар изҳороти гуруҳ аз ҷумла омадааст:

Сарфи назар аз таъкиди пайваста аз хусуси он, ки ҳадаф аз ташаббус дар мавриди таъсиси ҳизби сиёсии «Тоҷикистони Нав» тақвияти сулҳу субот ва мусоидат ба равандҳои созандаи марказгаро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар аст, бо вуҷуди он ки иқдоми мазкур саропо дар мутобиқати комил бо муқаррароти қонунгузории ҷумҳурӣ ба маърази умум пешниҳод шудааст, дар ҳоле ки ин ташаббус аз масъулияти бузурги муаллифонаш манша мегирад, ки моҳияташ заррае ҳам ворид накардани халал ба ҳаёти ҷомеъа ва амнияти давлат мебошад, мутаассифона аксуламали мақомоти марбутаи давлатӣ дар ин ҷода беш аз пеш аз худ дарак медиҳад.

Алҳол дар ин рабт нуқтаи ниҳоии бағоят нигаронкунанда амали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бавижа Агентии мубориза алайҳи фасод нисбат ба сарвари гурӯҳи ташаббускор – Зайд Саидов аст. Мавсуф, чуноне пайваста расман тазаккур додааст, чун далели самимияту садоқату эътимод ба арзишҳои чи ахлоқиву чи ҳуқуқӣ бозгашт аз сафари корӣ аз хориҷи кишварро барои ҳалли қазияҳое, ки ба ҷурми иттиҳом ба ину он гуноҳ аз ҷониби мақомоти давлатӣ феълан нисбаташ матраҳ шудаанд, тадбир донистааст.

Зимнан, чуноне ҳатто аз мавқеъгирии вазорату идораҳои қудратӣ то охирин лаҳзаи дар сафар будани Зайд Саидов тариқи расонаҳои хабарӣ маълум буд, ягон асосе барои ҳатто гумон дар содир кардани ҷиноятҳои махсусан хавфнок аз ҷониби ӯ вуҷуд надошт. Барои мисол изҳороти расмии худи Агентии мубориза алайҳи фасод, ки амалаш то ба 19 майи соли равон эътибор дошт, хулосаи мазкурро собит мекунад. Ва чуноне маълум аст, ин изҳорот дар пояи санҷишҳои ҳамаҷонибаи паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти Зайд Саидов ифшову баён гардида буд.

Аз ин рӯ, амале, ки дарҳол зимни ба Ватан бозпас гаштани Зайд Саидов сурат гирифт, ногаҳонӣ буд. Ӯ, бидуни ҳама гуна огоҳии хешу пайвандону ҳаммаслаканаш, чуноне дертар маълум шуд, ба идораи шаҳрии Агентии мубориза алайҳи фасод бурда шуд ва то ба ҳол (интиҳои рӯзи 19 майи соли равон) он ҷо нигаҳдорӣ мешавад. Амали мазкур бо дағалона поймол шудани ҳуқуқҳои номбурда сурат гирифтааст. Аз ҷумла, вакилони мудофиа имкони на танҳо ширкат дар амалиёти мурофиавӣ, балки ҳатто робита бо ӯро тайи зиёда аз 12 соатро надоранд. Мартабаи мурофиавии Зайд Саидов номаълум аст, аз ҳолаш, бахусус аз вазъи саломатиаш ягон иттилое вуҷуд надорад. Ҳамаи ин дар ҳолест, ки мавсуф вакили маҷлиси вакилони шаҳри Душанбест ва аз ин рӯ тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ расмиёти марбутае, ки ба хотири дахлнопазириаш кафолат дода шудааст, бояд риоя бишавад. Ҳолатҳои басо дағалона поймол шудани талаботи қонун бо мисолҳои мазкур маҳдуд намешаванд.

Тафсилоти мавриди зикр ва муҳити то ба ҳол фарогири фаъолияти гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби сиёсии «Тоҷикистони Нав» аз вуҷуд доштани решаҳои сиёсии қазия далолат медиҳанд. Мақсад аз чунин вокуниш низ аллакай ҳама гуна шӯбҳаву гумонро аз он хусус, ки рӯйи саҳнаи сиёсии кишвар омадани чунин як ҳизби марказгаро баъзе аз доираҳои расмии давлатиро хуш наомадааст, аз байн бурдааст.

Гурӯҳи ташаббускор изҳор медорад, ки халалдор шудани талаботи Конститутсияи кишвар (моддаи 28-и он), бахусус фишор ба аъзои гурӯҳ ва қабл аз ҳама ба сарвари он – Зайд Саидов далели вазъи ногувори кишвар дар мавриди таъмини волоияти қонун ва риояи ҳуқуқу озодиҳои шахсиву шаҳрвандист.

Аксуламали мазкур азми аъзои гурӯҳро бобати таъсиси ҳизб наметавонад заррае ҳам коҳиш бидиҳад, баръакс итминонамон бар он аст, ки танҳо таъсису фаъолияти чунин як ҳизби марказгаро барои раҳоӣ аз вартаи мушкилиҳои мардуму кишвар тадбир аст. Дастгирии рӯзафзуни мардум аз иқдоми гурӯҳ далели ин гуфтаҳост. Чунончи, даҳҳо ҳаводорону ҷонибдорон имрӯзҳо ба мо изҳори пайвастагӣ мекунанд. Сафи аъзои гурӯҳи ташаббускор низ рӯ ба афзудан дорад. Имрӯз (19.05) аллакай чеҳраҳои маъруфу маҳбуби кишвар – профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коргардони машҳур Барзу Абдуразоққов ва чанд нафари дигар расман бо мо пайвастанд.

Боз ҳам эълом медорем: аз касеву чизе ҳарос надорем! Ба ҷуз аз Худои мутаъол! Ва боз як чизи дигар: на аз хиёнати дӯстон, на аз фитнаву иғво, найрангу тафриқаангезиҳои душманон. Балки аз бетарафон, ки бетарафиашон боиси ҳам хиёнат асту ҳам душманӣ! Биёед ба ҳам ойем ва канори ҳам ба хотири ободиву пешрафти Ватан бошем!
Мӯҳр
Эълон
Ба маълумоти ташабускорони Точикистони Нав хафтаи оянда грухе аз чавонони фаъоли кишвар бо пахши як изхорот бо шумо расман мепайванданд ва аз барномаву хадафхои шуо пуштибони ва дар амал пиёда шудани онхо талош хоханд кард!

Худованд нигохбони Шумо бод! Рохи кафогарди нест,вагарна боз 7-соли дигар халкаи гуломиро ба гуш гирифтан мебояд!

Олим
Биёед Хама якчоя харакат мекунем ва Зайдро овоз ба президентй медихем

Иброхим
ХУДОВАНД НИГАХДОРАТОН БОД ФАРЗАНДОНИ ДИЛСУЗИ МИЛЛАТ!!! АГАР ШУМОЁН АЗ РОХАТОН ПАСГАРДЕД МИЛЛАТУ КИШВАРИ МОРО ТАНХО НОБУДИ ИТИЗОР АСТ...[center][/center]

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)