Э.Раҳмон сарчашмаи мушкил бо ҳамсояҳоро адами ҳамкорӣ гуфт
Эмомалӣ Раҳмон 5 мушкили Осиёи Миёнаро номбар кард, ки ба гуфтаи ӯ ҳалли онҳо аз кишварҳои минтақа ҳамкории бештарро тақозо мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон, ки дар шаҳри Чианг Майи Шоҳигарии Тайиланд, дар Форуми дувуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар мавзӯи “Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут бо об” сухан мекард, дар қатори панҷ мушкил аз ҷумла номбар намудааст:
1. Тақсимоти нобаробари захираҳои об дар ҳудуди минтақа;
2. Дурнамои эҳтимолии кам шудани захираҳои об дар ояндаи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат бар асари таъсири раванди тағйирёбии иқлим;
3. Афзоиши истеъмоли об бинобар зиёд шудани теъдоди аҳолӣ ва рушди иқтисод;
4. Бештар такрор ёфтани офатҳои табиии марбут бо об ва идомаи раванди нобудшавии Баҳри Арал;
5. Ҳамкории ғайрикофии кишварҳои минтақа ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мубрами обию энергетикӣ.
Тибқи иттилои дафтаи матуботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки “манфиатҳои кишварҳои болообу поёноб дар масъалаи истифодаи мавсимии захираҳои об на ҳама вақт бо ҳам мувофиқ меоянд ва боиси сар задани ихтилофоти муайян миёни онҳо мегарданд”.
Ӯ таъкид кардааст, ки “Осиёи Марказӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва обӣ ва дар айни замон нигоҳ доштан ва беҳтар гардонидани сатҳи устувори муҳити зист имкониятҳои фаровон дорад. Вале, бинобар мавҷуд набудани ҳамкории кофӣ дар соҳаи об кишварҳои минтақа рӯ ба рӯи мушкилоти мухталиф қарор доранд”.
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҷонибдории устувори Тоҷикистонро аз ҳаллу фасли мусолиматомези мушкилоти зикргардида таъкид дошта, изҳор намудааст:
“Мо барои ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои ҳамсоя ва дигар тарафҳои манфиатдор барои истифодаи муштараки захираҳои обии худ, ки ҳудуди 60 фоизи захираҳои обии минтақаро ташкил медиҳанд, омода ҳастем”.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб иштирокдорони ин форумро ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки рӯзҳои 20-22 августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |