Ҳуқуқшинос: “Бозпурсӣ ва парвандаҳои З.Саидов ғайриқонуниянд”
Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик, оғози парванда алайҳи Зайд Саидовро, ки вакили Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе аст, бе иҷозати маҷлис ғайриқонунӣ гуфт.
Қудратов рӯзи 19-уми май дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, тибқи қонунгузорӣ Зайд Саидов, ки депутати маҷлиси шаҳрӣ асту аз ҷониби мардум интихоб шудааст, ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад: “Барои боздошт ё оғози парванда алайҳи ӯ бояд маҷлиси вакилони мардумии шаҳри Душанбе тавассути овоздиҳӣ дахлнопазирии ӯро бекор кунанд.”
Дар мавриди он, ки аз соати 3:00-и шаб Зайд Саидов ба бинои Оҷонсии зидди фасод оварда шудаасту то ҳол мавриди бозпурсӣ қарор дорад, Қудратов таъкид намуд, ки “тибқи қонунгузорӣ мақомот ҳақ доранд, ин ё он шаҳрвандро барои рӯшанӣ андохтан ба ин ё он масъала даъват кунанд ва на бештар аз се соат суҳбат намоянд. Барои боздошташ бештар аз ин мақомот бояд расман айбашро эълон намоянд.”
Ин дар ҳолест, ки Зайд Саидов , соҳибкори шинохта ва роҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” имшаб, 19-уми май зимни бозгашташ аз Аврупо, аз фурудгоҳи Душанбе барои бозпурсӣ ба Оҷонсии фасод бурда шудааст. Баъди оварданаш ба Оҷонсӣ ин ниҳод аз парвандоҳои нав алайҳи ӯ хабар дод.
Зайд Саидов аввалҳои моҳи апрели соли равон аз талошҳояш барои таъсиси ҳизби нави сиёсӣ хабар дод, ки ин азмаш таъқибу таҳдидҳоро ба ҷону моли ӯ ба бор овард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |