Чаро Амрико дар Афғонистон бояд бимонад?
Бесуботии контролшуда дар Афғонистон ва Осиёи марказӣ барои Амрико судовар аст. Дар ин бора Антон Морозов донишманди улуми сиёсӣ дар як мизи гирд изҳор дошта гуфт, ки Амрико дар минтақа сиёсатҳои зариферо дунбол мекунад.
Ба ақидаи ин коршинос барои мондани Амрико дар Афғонистон якчанд сабабҳо вуҷуд дорад. Аз ҷумла инки давлати Ҳамид Карзай ҳифз мешавад ва маъмурияти онҳо ҳам равшан аст.
Тавсия ба қудрати муқобили Амрико дар хусуси онки то метавонад муқовимат кунад. Ин ҳам қарордоди маънодори силоҳ ва таъминоти моддиву техникии сохторҳои қудратии афғонӣ, тавоноии бозиҳои геополитикӣ ва бисёр чизҳои дигар аст.
Амрико барои муддате вазъияти Афғонистонро ҳифз карда, то ҳадди зиёде тавоноии худро барои нуфуз дар кишварҳои ОМ осон мегардонад. Чизи дигаре, ки наметавон онро нодида гирифт ин аст, ки барои Амрико таҳти назорат гирифтани истеҳсолот ва пахши маводи мухаддир манофеи қобили таваҷҷуҳе дорад.
Ба ақидаи коршиноси сиёсӣ Антон Морозов,баҳси рафтану мондани Амрико собит месозад, ки контроли бесуботӣ ҷузъи манофеи Амрикост. Аммо ин на танҳо бо манофеи Амрико рост меояд, балки дигар бозигарони геополитикии гирду атроф ҳам дар паи манофеи худ ҳастанд.
Амрико ҷойгоҳи худро дар манотиқи стратегии муҳими минтақа тақвият мекунад. Чунончи онҳо аз сенарияи "Ховари миёнаи бузург" ҳанӯз даст накашидаанд. Ва гузинаҳои дигари қолаббандии фазоҳои бузурги геополитикӣ камокон боқист. Аммо Амрико ба кадом баҳонаҳо метавонад ҳузури худро дар минтақа идома диҳад. Бо вуҷуди кам шудани таҳаррукот масъалаи риояи ҳуқуқи инсон ҳамчунон василаи фишори Амрико боқӣ мемонад.
Илова бар ин иқдомоти дигаре тавассути созмонҳои ғайридавлатӣ, институтҳо ва дигар механизмҳои фишороварии идеологӣ ва фарҳангӣ сурат мегирад. Ҳамроҳи ин ҳузури низомӣ ҳам монанди собиқ идома меёбад.
Фишорҳои иқтисодӣ ҳам мисли сармоягузорӣ ва дигар тарҳҳои инфрасохторӣ бо назорати ташкилотҳои зери нуфузи Амрико ҳамчун Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мегардад.
Метавон вазъиятро бо тавсеаи ҳамкориҳои низомиву техникии байни Амрико-НАТО ва кишварҳои ОМ ингуна шарҳ дод, ки дур андохтани силоҳу таҷҳизот ҳайф буда ва нигоҳдории он низ бемаъниву гарон мебошад. Аз як тараф амал кардан ба ваъдаҳои додашуда ба кишварҳои ОМ дар бораи ҳимояҳои низомиву техникӣ матраҳ мешавад, аз сӯи дигар транзити таҷҳизоти низомӣ ба унвони як дардисар унвон мегардад.
Ба назар мерасад, ки кишварҳои минтақа барои муҷаҳҳаз шудан ба силоҳҳои стандарти ғарбӣ омода мешаванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Русия бозори суннатии силоҳи худро дорад. Бинобар ин баъид аст, ки Амрико дар шароити феълӣ муносибатҳои худро бо Русия душвортар гардонад.
Қабул кардани ин, ки толибон ба бародарони ОМ-и худ кӯмак мекунанд, осон нест. Бо таваҷҷуҳ ба ҳузури толибони дар Афғонистон, муборизаҳои террористии байналмилалӣ анҷом медиҳанд эҳтимол меравад, ки онҳо дар паи ноором кардани манотиқи ҳамҷавори Афғонистон бошанд.
Сиёвуш Қосимзода
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |