Бахшҳо

Яке аз зердастони Зайд Саидов аз “Тоҷикистони нав” даст кашид

ҲУМАЙРОИ БАХТИЁР

Ҷамшед Ҳафизов, муовини аввали ширкати «Тоҷсохтмон-байналмиллал» ва узви гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” ахиран ақибнишинӣ карда, аз таъсиси ҳизб даст кашидааст.

Маҳмуд Қосимов, муовини раҳбари гурӯҳи ташаббускор дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” ин хабарро таъйид карда, гуфт, “қарори Ҷамшед Ҳафизов барои худдорӣ аз узвият дар гурӯҳи ташаббускори «Тоҷикистони нав» хоҳиши шахсии ӯ буда, мо онро қабул дорем.”

Қаблан Ҷамшед Ҳафизов, муовини роҳбари ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал”, ки ба Зайд Саидов тааллуқ дорад, дар рӯйхати 10 ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” ном бурда мешуд.

Ҳамакнун ба гуфтаи Маҳмуд Қосимов, гурӯҳи ташаббускори «Тоҷикистони нав»-ро 9 нафар ташкил медиҳанд, ки ба он роҳбари гуруҳ, соҳибкори шинохта, вазири пешини саноат ва рушди иқтисоди Тоҷикистон Зайд Саидов, Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани менеҷерони миллии Тоҷикистон, Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, Абдураҳим Алиев, раиси Анҷумани истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон, Сангинбой Сангинов, узви академияи илмҳои кишоварзӣ, Маҳмудҷон Қосимов, ҳуқуқшинос, Мавҷуда Соҳибназарова, рӯзноманигори мустақил ва коршиноси масоили иқтисодӣ Бахтиёр Баҳодуров шомил мебошанд.

Маҳмуд Қосимов мегӯяд, ки дар мавриди даст кашидани Ҷамшед Ҳафизов аз таъсиси ҳизб бо ӯ сӯҳбати телефонӣ доштааст ва Ҳафизов рабт доштани хоҳиши худро ба хабарҳои охир атрофи «Тоҷикистони нав» ва раҳбари ин гурӯҳ –Зайд Саидов рад кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон давоми ҳафтаи охир алайҳи Зайд Саидов маъракаи густурдаеро ба роҳ монда, додситонии Душанбе бо пахши изҳорот номбурдаро дар бисёрзанӣ ва Оҷонсии фасод ширкати Саидов, «Тоҷсохтмон-байналмиллал»-ро ба изофанависии ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар бунёди бинои «Душанбе –Плаза» айбдор карданд.

Бисёри коршиносон ин иттиҳомотро супоришӣ унвон карда, ба азми Зайд Саидов барои таъсиси ҳизби нав ва вориди сиёсат шудани ӯ рабт медиҳанд.

Аммо Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, муътақид аст, ки қазияи Зайд Саидов бештар иқтисодиву тиҷорӣ аст, то ин ки сиёсӣ. Сафаров мегӯяд, ки дар ин авохир коршиносон бидуни далелҳои мушаххас аз сиёсӣ будани қазияи Саидов сухан мегӯянд, “дар ҳоле ки қазияи Зайд Саидов умуман сиёсӣ нест. Қонун ҳаст, ҳамаи мо назди он баробарем. Гузашта аз ин ҳоло касе З.Саидовро ҷинояткор эълон накардааст ва ҳақ ҳам надорад, чун ин танҳо дар ваколати додгоҳ ҳаст».

Ҷаноби Сафаров мегӯяд, ки Зайд Саидов вориди сиёсат набуд, то нисбати ӯ муборизаҳои сиёсӣ анҷом бидиҳанд, зеро ҳизби ӯ ҳоло сабти ном нашудаву ҷонибдоронаш ҳам дақиқ нестанд: “Ҳеч сабаби фирор кардани ӯро ҳам намебинам. Бояд баргардад ва бегуноҳии худро исбот кунад.”

Зайд Саидов, ки ҳамзамон раҳбари Федератсияи тенниси рӯи мизии Тоҷикистон аст, шаби 10-уми май дар садри дастаи теннисбозон ба шаҳри Пориси Фаронса рафта, қарор аст имшаб, 19-уми май соати 03:00 баргардад.

Ин дар ҳолест, ки Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик бо ишора ба таҷрибаи Тоҷикистон, ки додгоҳҳо мустақил нестанду мувофиқи майли ҳукумат кор мекунанд, ҳабси Зайд Саидовро баъди бозгашт аз эҳтимол дур намедонад. Аммо Раҳматилло Зоиров, раҳбари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз Зайд Саидов талаби бозгаштанро кард. Ба гуфтаи Зойиров иттиҳомот алайҳи Зайд Саидов сунъӣ ва супоришӣ буда ва ӯ бояд ҳарчӣ зудтар баргардад. Раҳбари Консорсиюри юридикии Тоҷикистон дар мавриди ҳабси эҳтимолии Зайд Саидов таъкид кард, ки он зулм аст ва бар зарари ҳукумат хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол Маҳмуд Қосимов муовини раҳбари гурӯҳи ташаббускори “Тоҷикистони нав” мегӯяд, ин гуруҳ ҳамоно барои баргузории анҷумани худ омодагӣ доранд. Қосимов таъкид намуд, ки «новобаста аз баҳсҳои зиёд теъдоди хоҳишмандони пайвастан ба гурӯҳи мо кам нест. Дар сӯҳбатҳои алоҳида, дар шабакаҳои интернетӣ ҳангоми корҳо дар манотиқ гурӯҳе аз мардум изҳори омодагӣ барои шомил шудан ба ташаббускорони «Тоҷикистони нав» мекунанд.» Ба гуфтаи Қосимов, узвияти шаҳрвандонро тибқи қонунгузорӣ, баъд аз муаяйн гардидани оиннома ва барномаи ҳизбӣ қабул хоҳанд кард, ки қарор аст ин оиннома дар рӯзи анҷумани ҳизби мазкур эълон карда шавад.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи тоҷик ба унвони раҳбари гурӯҳи ташаббускори “Тоҷикистони нав” аввоили моҳи апрел аз нияти таъсиси як ҳизби сиёсӣ хабар дода буд.
Мӯҳр
Аъзоёнаш аз «Точикистони нав» руй гардонида истодаанд!.
Собик раиси Хукумати нохияи Шохмансури шахри Душанбе Алиев Абдурахим ва хукукшиноси шинохтаи Чумхури Сангинов Сангинбой, ки дар мохи апрели соли 2013 ба узвияти Райёсати Хизби сабти номнашудаи «Точикистони нав» аъзо гардида буданд. Баъди фахмидани максаду мароми нопоки рохбарияти Хизб хусусан Зайд Саидов, онхо бо аризаи шахсии худ аз сафи Хизби сабти номнашудаи «Точикистони нав» даст кашиданд. Дар оянда онхо аз тарики тамоми расонахои хабари ва шабакахои интернети оиди макорона истифода намудани ин Хизб ба мардум итилло медиханд.

Зайд Саидовро ба партияи Зойиров кабул карда, аз номи он номзадиашро пешниход кунанд. Партияи Точикистони навро монанд холо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)