Бахшҳо
18 май 2013 15:10Тоҷикистон / Сиёсат

Кафолате ҳаст, ки фардо шуморо муттаҳам намекунанд?

Сайфулло Сафаров, муовини раиси МТСТ

Инсон аз балоҳои охирзамон кафолате надорад аз ҷумла аз тӯҳмату ғайбат. Ҳатто аз пушти подшоҳ ҳам ғайбат мекунанд ва ҳеч кас чунин кафолате надорад. Аз нигоҳи қонунӣ ҳам ҳама чиро ба ин тарафу он тараф бофтан мумкин. Вале вақте ҷузъҳои масъаларо муайян мекунем, гунаҳкоркунии умумӣ ҳаст ва дар дохили он мумкин ҳамон одам гуноҳ надошта бошад. Фарз кардем се зан барои он гирифта бошад, ки занаш касал бошад ва ё қобилияти физиологиаш хуб набошад. Инро намешавад ба сифати гуноҳ ба одам бор кард. Зеро рафтори ин ё он мард асоснок аст ва дар ин ҳолат чигуна онро метавон гунаҳкор кард?

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшинос

Вақте баҳси курсиву мансаб матраҳ бошад ва ё он одам дар бахши хусусӣ бошаду тиҷорати вай лозим бошад, ҳатман ҳамин моддаи дузанагиро меёбанду парвандаи ҷиноятӣ оғоз мекунанд. Воқеан танҳо вазирону мансабдорон имконияти таъмини ду занро доранд. Мардуми оддӣ вақте аз ҷиҳати моддӣ таъмин нест, аз куҷо ду занро таъмин мекунад? Бинобарин агар ин тавр нигарем аксари мансабдорони Тоҷикистонро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан даркор. Барои онки бархе вазирон худашон 2-3 то зан доранд. Ман фикр мекунам инҷо албатта омилҳои сиёсӣ ҷой дорад. Чун Зайд Саидов қабл аз ин таъсиси ҳизби навро эълом кард. Бинобарин ҳамин чизро ба назар гирифтанду бо моддаи 170 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд. Ҳатто оғоз шудани парвандаи ҷиноятӣ низ барои монеъа шудан дар фаъолияти сиёсии Зайд Саидов асос шуда наметавонад. Зеро қонунгузор пешбинӣ намудааст, ки танҳо дар ҳолати мавҷуд будани ҳукми айбдоркунии эътибори қонунӣ пайдо кардани додгоҳ. Дар сурати оғоз ва иҷрои парвандаи ҷиноятӣ Зайд Саидов ҳатто метавонад ба сифати номзад номзадии худро пешбарӣ кунад. Чун ҳукми суд нисбаташ мавҷуд нест. Барои ҳамин ин як баҳона аст ва ҳеч кадом аз мардуми Тоҷикистон кафолат дода наметавонад, ки аз амалҳои мақомот нисбати онҳо эмин монда метавонанд. Онҳо метавонанд омили сунъӣ ёбанду парвандаи ҷиноятӣ оғоз намоянд. Ман аз 10 сол пеш гуфта будам, ки агар мақомоти Тоҷикистон ин равандро идома диҳанд, мо ба як кишвари криминалӣ табдил ёфта шояд аз Чикагои Амрико ҳам пеш гузарем ва тамоми мардуми Тоҷикистон доғи судӣ мебардорад.

Амният Абдуназаров, муовини раиси ҲСДТ

Ҳамагон хуб медонанд, ки имрӯз дар Тоҷикистон ташкил кардани ҳизби сиёсӣ он ҳам бо мардуме, ки ба корчалонӣ машғул аст, хавфу хатар дорад. Дар бораи фаъолиятҳои иқтисодияш, ки мақомот тафтиш мебаранд, чизе гуфта наметавонам. Аммо бояд гуфт, ки ҳар як шаҳрванд ҳуқуқи комил дорад, то як ҳизбро кушояд. Ин ҳуқуқи ӯст ва то андозае ҳуқуқи конститутсионии Зайд Саидовро поймол карданд. Вагарна 2 сол пеш ин сохтмон сохта шуда буд ва ҳеч овозае сари он набуд. Қисми зиёди мардуме, ки соҳибмансабанд, дузана ҳастанд ва боре надидам, ки нисбати яке аз онҳо чунин амал ташкил шуда бошад. Фишорҳо болои Зайд Саидов ба хотири ташкили ҳизби нав аст. Аслан пеш аз интихоботҳои парлумонӣ ва президентӣ дар Тоҷикистон чунин фишорҳо аз ҷониби ҳукумат ба шахсони маъруфи ҷумҳурӣ зиёд мешаванд. Ҳар фарде, ки ба сиёсат кордор шавад.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос

Мардуме, ки тиҷорати калон доранду корчалонанд бо ингуна масъалаҳои ҳассос зиёд дучор мегарданд. Махсусан дар ҳамон низоми иқтисодии собиқ шӯравӣ. Дар ин самт душвориҳо зиёданд, вале бисёр камбудиҳоро ёфтан мумкин. Шояд ин ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ рабте дошта бошад. Аммо мо сабабҳои ба сиёсат рӯй овардани ӯро намедонем. Бисёреҳо ҳам муттҳам мекунанд, ки ӯ робитаҳои хориҷии зиёд дорад. Вале аз бас, ки мо маълумоти кофӣ дар даст надорем, чизе гуфта наметавонем.

Исмоил Раҳматов, коршиноси масоили сиёсӣ

Ман ба таъсисшавии ҳизбе, ки аз тарафи баъзе дустон бо раҳбарии Зайд Саидов ташкил шуда буд, боварӣ надорам. Маҳмадазимов ва дигарҳо ба ин ҳизб шомил шудаанд, барои ҳамин ин як ҳизби ҷайбист. Ё ин кор кори мақомот аст ва ё мақомот мехоҳанд бо ин кор пешорӯи фаъолияти сиёсии раҳбарони ин ҳизби навро бигиранд. Таъсиси ин ҳизб шубҳаовар аст, чун дар остонаи интихобот ташкил шудааст. Ман ба ин чизҳо онқадар таваҷҷуҳ надорам ва хатаре барои худ эҳсос намекунам. Чун имконияти фаъолияти сиёсии ҳизбҳоро ман дида истодаам.

Иззат Амон, таҳлилгари масоили сиёсӣ

Не, ростӣ на танҳо ман, балки ҳеч як шаҳрванди Тоҷикистон ҳамин гуна кафолат надорад агар бо сиёсат сару кор гирад. Албатта бо сиёсат сару кор доштан ҳам ду гуна мешавад: яке фармоишӣ дигаре аз сидқ. Агар воқеан ҳам баҳри тағйирот ва ободии миллату кишвар вориди саҳнаи сиёсӣ шавию аз ноадолатиҳо сӯҳбат намоӣ, бегумон зери қаҳри мақомот қарор хоҳӣ гирифт. Албатта зидди ман, ки изҳори таъсиси ҳизби сиёсиро карда будам парвандаи ҷиноӣ боз нашуда буд, вале агар мехостанд аз рӯи маводи рӯзномаи Ҷумҳурият, ки бандаро ба салафигароӣ ва намояндаи ҳизби наҳзат буданам дар як қатор кишварҳои арабӣ ва аврупоӣ муттаҳам мешудам, кушодани парванда кори мушкиле барояшон набуд. Ҳоло ҳам дар рӯзномаҳои ҳукуматӣ таҳқир нисбати банда ба чоп мерасад, вале мо дигар аҳаммият намедиҳем. Зеро медонем, ки рӯзномаҳои ҳукуматиро ба ҷуз чанд нафар он ҳам касоне, ки худашон ҳаминҳоро менависанд намехонад. Қаблан ҳам дар як мусоҳибаам гуфта будам боз ҳам такрор мекунам, ки дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон бидуни розигии раҳбарияти кишвар ворид шудан як кори номумкин аст. Вале набояд рӯҳафтода шуд.

Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ

Дар кишвари мо одат шудааст ҳарвақт як шахс иқдоме кунад, ки ба давлатмардон хуш наояд, баъдан барои ӯ гуноҳҳое пайдо мекунанд, ки шояд вуҷуд дошта буданду дар назар гирифта намешуданд. Шояд вуҷуд ҳам надоштанду пайдо карда мешуданд. Имрӯз ин гуноҳҳоро дар шакли фасод дар фаъолиятҳои ширкати Зайд Саидов ошкор кардаанду дузангаиро шояд барояш парванда кардаанд. Шояд Зайд Саидов кайҳо боз ин гуноҳҳоро дошт ва имрӯз ба хотири таъсиси ҳизби нав ин гуноҳҳоро боло оварданд. Касоне монанди Зайд Саидов дигар боке надоранд, ки барояшон парванда кушода шавад ва ё ба зиндон раванд. Ҳар касе ки дар роҳи хизмат ба миллат камар бастаасту хестааст парвое аз ин чизҳо надорад. Мо ҳам чун ин роҳро интихоб кардаему айбдоркуниҳоро аз сар гузаронидаем, аз ин чизҳо боке надорем.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)