Тоҷикистон дар чор моҳ аз хориҷ 850 миллион $ гирифтааст
Ҳаҷми интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ ба 850 миллион доллари амрикоӣ наздик шудааст.
Дар гузориши муштараки дафтари СММ дар Душанбе ва ҳукумати Тоҷикистон гуфта мешавад, «тибқи оморҳои ғайрирасмӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳо дар моҳи апрели соли равон 267,6 миллион долларро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 10,9 дар сад бештар аст».
Дар моҳи январ ин нишондод 178,8 миллион доллар, моҳи феврал 180,3 ва дар моҳи март 221,8 миллион доллар будааст. Ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳо дар чор моҳи ахир ба 848,5 миллион доллар расидааст. Гуфта мешавад, бо таваҷҷуҳ ба оғози мавсими корӣ дар Русия ҳаҷми интиқоли маблағҳо меафзояд.
Бино ба иттилои гузоришгарон дар соли 2012 нисбат ба соли 2011 ҳаҷми интиқоли маблағҳо бештар аз 21 дарсад афзуда, 3 миллиарду 594,6 миллион долларро ташкил дод.
Тибқи иттилои ғайрирасмӣ феълан бештар аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, бахши аъзами онҳо дар қаламрави Русия қарор доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |