Президент 926 маҳбусро авф кард
Бо як амри Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, райиси ҷумҳури Туркманистон 926 маҳбус авф мешаванд.
Бино ба иттилои расонаҳо Бердимуҳаммедов ин фармонро ба муносибати Рӯзи эҳё, ягонагӣ ва мавлуди Махдумқулӣ Фрагӣ, сардафтари адабиёти туркман тасвиб кардаст.
«Имсол ба муносибати 21-умин солгарди қабули Сарқонуни Туркманистони соҳибистиқлол ва Рӯзи эҳё, ягонагӣ ва Махдумқулӣ Фрагӣ 926 маҳбус раҳо мешаванд»,-гуфтааст Бердимуҳаммедов.
Ӯ ба масъулин дастур додааст, то ҳамаи зиндониёни раҳошуда имкон ёбанд, ки ҷашнҳоро дар манзили худ, бо аҳли хонавода ва наздиконашон таҷлил намоянд. Вай ҳамчунин ба раҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо супориш дода, ки ҷиҳати бо кор таъмин кардани ин афрод чораҳои зарурӣ андешанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |