БИР: Тоҷикистон бояд меъёрҳои исломиро риоя кунад
Барои ҷалби бештари сармояи кишварҳои исломӣ, Тоҷикистон бояд қонунгузории худро такмил диҳад ва принсипҳои молии исломиро ҷорӣ гардонад.
Ин нуктаро дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон”, Наҷм ул Ҳасан, мушовир оид ба масъалаи молии Бонки исломии рушд изҳор дошт. Ӯ зимни суҳбат, ки дар ҳошияи Анҷумани тиҷории кишварҳои узви Бонк, дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, изҳор дошт: "Сармоягузорон аз кишварҳои исломӣ бештар ба он кишварҳое маблағгузорӣ мекунад, ки принсоипҳои молии исломӣ дар онҳо амалӣ мешавад. Яъне кафолати давлат барои сармоягузорҳо дода шавад. Тоҷикстон бояд қонунгузории худро мутобиқ созад.”
Анҷумани тиҷории кишварҳои узви БОР дар доираи Ҷаласаи 38-уми Шӯрои мудирони бонк, ки то 22-юми май дар Душанбе ҷараён хоҳад дошт, сурат мегирад.
Матлубхон Давлатов, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон зимни ин анҷуман аз намояндагони кишварҳои исломӣ даъват кард, ки ба Тоҷикистон сармоягузорӣ намоянд. Ӯ махсусан сармоягузорӣ ба бахши гидроэнергетикаи Тоҷикистонро ояндадор арзёбӣ намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |