Бозигари “Панҷшер” барои задани сардовар як сол аз бозӣ маҳрум шуд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Равшан Азизов, бозигари дастаи “Панҷшер”-ро барои як сол аз ҳаққи бозӣ маҳрум намуда, ба маблағи 3000 сомонӣ ҷарима кардааст.
Кумитаи назорату ахлоқии Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзи 16-уми май, Равшан Азизовро бо он айбдор кардааст, ки дар бозӣ бо “Парвоз”, ки 14-уми май дар доираи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон баргузор гардид, сардоварро задааст.
Ҳамчунин дар ҷаласаи навбатии кумита бозигарони дигари ҳарду даста ва сармурабии дастаи “Панҷшер” барои вайрон кардани Кодекси ахлоқи ФФТ муҷозот шуданд. Аз ҷумла Фирӯз Қараев, бозигари тими “Парвоз” аз 2 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 300 сомонӣ, Ҷамшед Акбаров, сармурабии дастаи “Панҷшер” аз ҳаққи иштирок дар 5 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 1000 сомонӣ ва Хуршед Раҳмонов, бозигари дастаи “Панҷшер” аз 5 бозӣ маҳрум шуда, ба маблағи 2000 сомонӣ ҷарима шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |