Шаҳрванди Қазоқистонро дар вилояти Суғд 18 сол аз озодӣ маҳрум карданд
Додгоҳи Масчоҳи Куҳӣ шаҳрванди 37 солаи Қазоқистонро барои 18 сол равонаи зиндон кард.
Бахтиёр Раҳимов дар коҷоқи маводи мухаддир гунаҳкор дониста шуд. Ӯро моҳи январи соли ҷорӣ кормандони мақомоти амниятӣ бо иттиҳоми интиқоли 30 кило ҳероин боздошт карданд. Ҳамроҳ бо вай як шаҳрванди Тоҷикистон низ дастгир шуд, ки бо ҳукми додгоҳ 16 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба як муттаҳами дигар, ки дар пайгарди қонунист, дар истеҳсолоти алоҳида баррасӣ мешавад. Шахсияти боз як муттаҳами дигар маълум нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |