Беэҳтиётии ронанда мунҷар ба марги пиёдагарди ноболиғ шуд
Мустафо Мирзоеви панҷсола зери чархи мошини тамғаи “УАЗ 3303-01” монда ба ҳалокат расидааст.
Аз Вазорати умури дохилӣ ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ки Мустафо сокини маҳаллаи Зархези шаҳри Қӯрғонтеппа буда, аз беэҳтиётии ронанда Юсуф Маъмуров ба ҳалокат расидааст.
“Ронандаи 30 сола, сокини ноҳияи Бохтар аснои ҳаракат аз самти бозори Ҳоҷӣ-Шарифи шаҳри Қурғонтеппа ба тарафи терминали мусофиркашонии “Сафарака” идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, пиёдагарди ноболиғро, ки аз роҳ мегузашт, зер мекунад. Ҷабрдида дар роҳ ба сӯйи беморхона ҷон додааст”,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |