Бахшҳо
17 май 2013 14:35Тоҷикистон / Сиёсат

Кабирӣ аз Русия хост, муносибаташро бо ҳизбҳои исломӣ тағйир диҳад

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, зимни як конфронс дар шаҳри Марокаши Мағриб аз Русия даъват намуд, ки муносибатҳояшро бо ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ тағйир диҳад.

Дар ин конфронси байналмиллалӣ, ки бо даъвати пажуҳишгоҳи шарқшиносии Русия ва хабаргузории “РИА Новости” таҳти унвони "Ислом ва сиёсат: идеология ё прагматизм" 14-15-уми май сурат гирифт, андешамандон, сиёсатмадорон ва рӯзноманигорон аз кишварҳои гуногун таҳаввулотҳои ахири Олами Ислом ва равандҳои асосии минтақаро таҳлил намудаанд.

Тибқи иттилои Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ дар ҷаласаи ифтитоҳии ин нишаст суханронӣ намуда, таъкид кардааст, ки "олами Ислом дар партави таҳаввулоти ахири минтақа роҳе ҷуз роҳандозии муқоламаи боварибахш байни неруҳои аслии ҷомеа надорад. Агар мо мехоҳем як минтақаи ором, босубот ва пешрафта дошта бошем, бояд пеш аз ҳама эътимоди дохилиро дар ҷомеаи хеш ба даст орем ва дар сатҳи минтақа мушкилотро танҳо тариқи муколама ҳал бисозем. Ҳама василаҳои дигар маҳкум ба нокомиву бунбаст мебошанд.”

Ба андешаи Кабирӣ, вақти он расидааст, ки олами Ислом иродаи ҳақиқии худро барои халос шудан аз худкомагӣ, камбизоатӣ, ақибмондагӣ ва нооромии доимӣ нишон бидиҳад: “Миллатҳои мусалмон ин хоҳишро доранд ва эҳсос мешавад, ки дигар омодаи таҳаммули истибдоди дохилӣ ва истеъмори хориҷӣ нестанд. Вале, омодагии миллатҳо ба танҳоӣ кофӣ нест, балки нухбагони сиёсӣ, фикрӣ ва иқтисодӣ низ бояд чунин омодагиро дошта бошанд. Зеро таҷрибаи баъзе кишварҳо нишон дод, ки дар сурати омода набудани яке аз ин ду гуруҳ, ба ҷои ислоҳот ва пешрафт мо низоъ ва бесуботиро хоҳем дошт."

Раҳбари ҲНИТ ба бунбаст ворид шудани баъзе ҷомеаҳоро дар олами Ислом натиҷаи набудани муколамаи воқеӣ ва самимӣ байни неруҳои исломӣ ва дунявӣ донист: “Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки бо роҳи гуфтугу ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон мушкилтарин қазияро ҳал кард.”

Дар масъалаи сиёсатҳои Русия нисбати олами Ислом, Муҳиддин Кабирӣ назари хешро ба ин тарз изҳор доштааст: "Русия то лаҳзаҳои ахир хоҳиши эътирофи неруҳои исломиро ҳамчун шарик ва ҳамкор надошт, ки боиси заиф шудани ҷойгоҳи ин кишвар дар оллами Ислом гашт. Ҳоло фурсате фароҳам омадааст, ки дар ин равобит бояд таҷдиди назар сурат бигирад. Табиист, ки ин мушоракати стротежӣ бояд дар асоси баробарӣ ва эҳтироми манфиатҳои тарафайн роҳандозӣ шаванд. Шаке нест, ки беҳтар шудани робитаҳои Русия бо минтақаи Ховари Миёна таъсири мусбатеро дар робитаҳои ин кишвар бо мусалмонони Осиёи Марказӣ ҳам хоҳад гузошт. Аз тарафи дигар, таҷрибаи тулонии ҳамзистӣ ва ҳамкориҳои васеъ бо ҷамоҳири пасошӯравӣ метавонад заминае бошад барои робитаҳои наву қавитари Русия бо миллатҳои мусалмони Осиёи Марказӣ.”

Раҳбари ҲНИТ омодагии ҳизби хешро барои саҳмгузорӣ дар шуруи муколамаи фарогир дар олами Ислом изҳор намуд ва таҷрибаи тоҷиконро барои ин кор муфид арзёбӣ кард.
Мӯҳр
Parseh
Ин чо хам мусохиб Хумайрои Бахтиёр бошад??

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)