Падари Ҳамза: Ба мо гуфтанд, агар наоед ҷарима мешавед
Баррасии додгоҳии марги Ҳамза Икромзода, маҳбусе, ки тирамоҳи соли гузашта фавтида буд, боз таъхир гузошта шуд.
Масъулини Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба наздикони Ҳамза Икромзода хабар додаанд, ки имрӯз, 17-уми май ба баррасии додгоҳии марги Ҳамза ба Боздоштгоҳи муваққатии Сарраёсати ислоҳии Вазорати адлия ҳозир шаванд. Файзалӣ Икромов, падари Ҳамза Икромзода, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, “мо имрӯз омаданӣ набудем, чун қаблан эълон карда буданд, ки мурофиа рӯзи душанбеи 20-уми май доир мегардад. Аммо ба мо фишор оварданд, ки агар наоед, ҷарима мешавед. Маҷбур шудем, омадем. ”
Дар ҳамин ҳол мақомот имрӯз аз пайвандон хостаанд, ки танҳо падару модари Ҳамза иштирок кунад ва инчунин афзудаанд, ки мурофиа бе ҳузури шоҳидон, аз ҷумла Рафаэл Мақсудов, ки шоҳиди асосист, баргузор гардад. Ин талабот нофаҳмиро ба бор овардааст ва ниҳоят ҷонибҳо қарор кардаанд, ки мурофиа рӯзи 20-уми май баргузор шавад.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 15-уми май низ таҳти пофишории пайвандони Ҳамза Икромзода баррасии додгоҳии марги марҳум ба рӯзи душанбеи 20-уми май гузошта шуд. Рӯзи 15-уми май додраси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, бо вуҷуди кушода эълон шудани мурофиаи додгоҳии марги Ҳамза Икромзода, ба намояндагони васоити ахбори омма ва масъулини Созмони милали муттаҳид иҷозаи иштирок дар мурофиаро надод. Додрас ба модар, хоҳар ва бародари Ҳамза Икромзода низ иҷозаи ширкат дар додгоҳро надода, “иштироки танҳо падари ӯро кифоя хонд.”
Ин қарори додгоҳ норозигии пайвандонро ба бор овард. Зулайхо Ҷӯраева, модари Ҳамза Икромзода дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ки аз ин шеваи баргузории мурофиаи додгоҳӣ розӣ нест ва талаб кард, ки "мурофиа ба таъхир гузошта шавад." Пайвандон, аз он, ки мурофиа на дар толори додгоҳ, балки дар СИЗО гузаронда мешуд, изҳори норозигӣ карда, таъкид намуданд, ки шоҳидони калидии парванда низ ҳозир нашудаанд. Ба гуфтаи онҳо шоҳидони аслии қазияи марги Икромзода ба зиндони шаҳри Хуҷанд интиқол дода шудаанд.
Пайвандони Икромзода мегӯянд, то замони ҳозир нашудани шоҳидони асосӣ аз иштирок дар мурофиа худдорӣ хоҳанд кард ва талаб намуданд, ки баррасии қазия на дар СИЗО, балки дар худи Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор шавад.
Ҳамза Икромзода моҳи сентябри соли 2012 дар зиндони рақами аввали шаҳри Душанбе ба таври мармуз ба ҳалокат расид. Волидонаш мегӯянд, ӯ аз сӯи бархе аз маъмурони зиндон кушта шудааст, вале мақомот онро танҳо худкушӣ медонанд. Бо ин ҳол, Додситонии кулли Тоҷикистон санҷиши ин қазияро ба анҷом нарасонда ва хулосаи худро дар бораи марги Ҳамза Икромзода низ баён надоштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |