«Ҳавопаймоҳое, ки таҷҳизоти низомии НАТО-ро интиқол медиҳанд, ҳақи фуруд ба хоки Қазоқистонро надоранд»
Бритониё барои транзити таҷҳизоти низомии НАТО аз қаламрави Қазоқистон ҳамасола аз 300 то 400 ҳазор доллар пардохт мекунад.
Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ Алексей Волков, вазири умури хориҷии Қазоқистон гуфтааст, ин нишондод як пардохти муқаррарӣ буда ва дар сурати зиёд шудани шумораи парвози ҳавопаймоҳо ва ҳаҷми таҷҳизот боло хоҳад рафт.
Ба гуфтаи Волков, шартномаи Остона бо кишварҳои дигари узви паймони низомии НАТО якранг аст, “вале шумораи парвози ҳавопаймо ё ҳаҷми бори ҳар кишваре зиёд шавад, маблағ низ зиёд мешавад”.
Вазири умури хориҷии Қазоқистон мегӯяд, бар асоси тавофуқоти Остона ва Бритониё, ҳавопаймоҳое, ки таҷҳизоти низомии НАТО-ро интиқол медиҳанд, ба ҷуз ҳолати изтирорӣ ҳақ надоранд дар хоки ин кишвар фуруд ё дар осмони он сӯзишворӣ пур кунанд. Дар сурати фуруд омадан кишвараш ҳақ дорад, асноду ҳуҷҷатҳои лозими таҷҳизотро талаб ва тафтишоти гумрукӣ гузаронад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |