Бахшҳо
17 май 2013 08:55Тоҷикистон / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон бо Чин 10 созишномаи нав мебандад

Имрӯз, 17-уми май, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо сафари расмӣ озими Шоҳигарии Таиланд ва Ҷумҳурии Мардумии Чин шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз Таиланд боздиди расмӣ анҷом медиҳад ва бо подшоҳи Таиланд Рама 9 Пумипон Адулядет, сарвазири ин кишвар Йинглак Шинаватра ва раиси Сенати Парлумони Шоҳигарии Тайиланд мулоқот мекунад. Дар назар аст, ки ҷонибҳо як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла созишномаи байниҳукуматӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя ба имзо расонанд.

Ба иттилои дафтари матбуот Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар Форуми дувуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар мавзӯи “Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут бо об” иштирок ва суханронӣ карда, бо чанде аз иштирокдорони ин ҳамоиш мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад: “Вохӯриҳои дуҷониба, аз ҷумла бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао ва Ёвари Дабири кулли СММ, Котиби иҷроияи Комиссияи масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ин созмон барои Осиё ва Уқёнуси Ором Ноэлин Ҳайзер дар назар аст.”

Дар доираи сафараш ба Чин Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ин давлат Си Ҷинпин, Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси Умумичинии намояндагони мардумӣ Чжан Дэҷян, Муовини якуми Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Чжан Гаоли, Раиси Шӯрои мудирони Бонки давлатии рушди Чин Ху Хвэйбан, Президенти Бонки содироту воридоти Чин Ли Жео Гу ва Губернатори музофоти Хэнан Се Фучжан мулоқотҳо анҷом хоҳад дод.

Дар Чин интизор меравад, ки беш аз 10 санади нави ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо расад. Дар миёни онҳо Эъломияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Чин, созишномаи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодӣ-техникӣ ва санадҳои дигар доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, бонкдорӣ, сайёҳӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои нави зербиноӣ хоҳанд буд.

Тибқи иттилои дафтари матбуот дар ин сафар президентро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)