Бахшҳо

Нигоҳи ҷавондухтари Тоҷикистон ба бисёрзанӣ

Галина Юнусова

"Бисёрзании Зайд Саидов ба “арзишҳои умумибашарӣ” зид аст», - гуфта мешавад дар изҳороти додситонии Душанбе.

Ин корҳо ба саҳнаи аҷибе мемонад, ки пур аз бозист.

Дар маҷмӯъ агар бингарем, бисёрзании ҷаноби Саидов кори шахсии ӯ, кори шахсии занҳо ва фарзандонаш аст. Арзишҳои умумибашарӣ чӣ дахл доранд? Агар ҳамаи онҳо – занону фарзандон – зид набошанд, агар худи ӯ розист – бигзор ҳамин тавр зиндагӣ кунанд! Дар бораи кадом арзишҳо метавон сухан ронд?

Ман ба сиёсат кордор нестам. Ман дар корҳои сиёсӣ сарфаҳм намеравам. Аммо ин қазия ба як ҷузъи ҳаёти шахсии инсон дахл дорад. Агар ҳамин тавр зиндагӣ барояшон маъқул аст, бигзор ҳамин тавр зиндагӣ кунанд...

Аммо чӣ гӯем, ки “арзишҳои умумибашарӣ”-и ҳукумати вақт ба ақли солим рост намеояд:

- Тӯли чанд сол аст, ки дар кишвар маҳдудияти нерӯи барқ ҷой дорад, ва борҳо ҳангоми қатъ шудани он “тибқи нақша”, дар таваллудхонаҳо навзодон аз сардӣ мурдаанд...

- Нафақахӯрон ва собиқадорони ҷанг мисли магас мемиранд, чун кӯшиши зинда мондан бо нафақаи микроскопии онҳо бенатиҷа аст...

- Ҳангоми рафту омади меҳмонон ё болонишинон, роҳҳои шаҳр тӯли чанд соат баста мешавад ва мардум маҷбуранд дар зери офтоби тафсон ё сардии зимистон аз як гӯшаи шаҳр ба дигараш пиёда раванд, ё муддати тӯлонӣ дар роҳ мунтазир монанд, то меҳмон назди ҳайкали Сомонї гул гузорад ё дар ягон вазорату сохтори дигари давлатӣ палов хӯрад...

- Маориф надорем. Фақат як сухан ҷоиз аст – НАДОРЕМ. Ҷои баҳс ҳам нест.

- Низоми тандурустӣ умуман вуҷуд надорад. Мурд, бухор шуд, маҳв гардид, ба гузаштагон пайваст. Омин!

- Дарахтони тануманду куҳансоли сояафкан бурида мешаванд...

- Биноҳое, ки арзиши фарҳангию таърихӣ барои шаҳр доранд, тахриб мешаванд, то ба ҷояшон иншооти бетону шишагӣ бардошта шаванд, ки ҳама арзишашон ба миқдори пули барои сохтмон сарфшуда маҳдуд мешавад. Андаке нагузашта, ошёнаҳои ин биноҳо ба ҳам меоянд, қисмҳои он меафтад, оби дар ошёнаи дуюм рехта пас аз панҷ дақиқа дар ошёнаи якум дида мешавад, чун аз болопӯши он мисли элак ба осонӣ мегузарад...

- Кӯдаконро дар кӯча танҳо гузоштан хавфнок аст – хурдтарашонро медузданд, калонтарашонро “облава” мебарад...

PS: АММО МИЛАИ ПАРЧАМИ МО ДАР ҶАҲОН АЗ ҲАМА БАЛАНД АСТ!!! Агарчи барои сохтани он пули ҳангуфт сарф шуда ва шабҳо, ба маҳдудияти барқ нигоҳ накарда, бо прожекторҳои фавқулиқтидор равшан карда мешавад.

Чӣ? Бисёрзана? ПАРОНДА ШАВАД!!!
Мӯҳр
ali
Бале ин кори шахсии хар инсон аст, вакте занҳо шикоят надоранд. Хусусун, дар замоне ки дар растахо "бабочки гуляют по ночам" ин падида кумаке ба ичтимоиёти давлату миллат мебошад, ва чомеа инро ба инобат бигирад.

Карим
Саломат боши хохарам хакикатро гуфти

Зайд Саид ичорахона дод, дигар руирост зидди кодекси чинои баромад мекунед? Эхтиёт кунед шуморо хам ба чазо кашидан мушкилие надорад!!!! Шармандахо аз мансаб ба манфиати шахсиатон суистифода мекунедаааааа

tojik
Хар руз дар Сирияву Ироку Афгонистону ... садхо кудаки навзод дар зери бомбу тиру туфанг мурда истодаанд. Садхо хонахо вайрон садхо оила бесаробон. Магар хамин аст "арзиши умумибашари"?
Чи чои гандаги дорад, агар зане дар Точикистон сохиби сарпанох бошад, фарзандони солим дошта бошад, чи фарк дорад, ки зани чандум аст ё зани Зайд Саид аст ваё каси дигар аст?

2то 3то зан гирифтан арзишхои умими башариро зид бошад хар шаб як маъшука гирифта дар багал хоб рафтан ин кор барои он касон хубаст

Зохираш аврупой, ботинаш-аз суханронияш оличаноб, Худованд хидояташ кунад ин хохарро. Ошкоро хакикатро мегуяд, офарин. Часораташ аз садхо мардон болотар. Худованд магфираташ кунад.

Зайд,бародар,худат каме хато карди.Бояд "Партияи серзанои Точ-ро"мекушоди.О-О-О .У тебя там столько сторонников было,что и не снилось. Даже из числа тех,кто тебя хочет сажать.РЕСПЕКТ!!!...ЗА МНОГОЖЁНСТВО!!!Таджики (некоторые)придумали об аморальности...О ВРЕМЕНА,О НРАВЫ!

Сухроб
Дастат дарда набинад Галина

вактхои охир намедонам абабаш чи бошад ба хама чиз кор мегиранд хатто ба муносибати зану шавхарон дар рахти хобашон. Ба фикри ман бехтар мешуд ки мо хурсанд мешудем ки ин хохарону апахои мо ва фарзандони онхо гуломи ачнабиён нестанд ва дар рушду инкишофи механ хизмат мекунанд.

салом алайкум хонандагони азиз. Шахсоне ки бо ду се занаги мухолифанд пас ин ду рохро интихоб кунан хохараш ё духтараш ду маргаша бе шавхар зиндаги кунад ё даст ба фохишаги занад чун рохе севуме нест. Чун хеле маврид аст ки зан бо кудаконаш зиндаги дорад барои зани якум шудан эхтимолаш дур аст, агар зани дуюм шавад чи мушкил пеш меояд. саломот бошед.

Манон
Факат корхои хукумат ва чиновникхояш ба арзишхои умумибашари зид несту тамом!?? Хамаи макомот аз хамон болои боло сар карда cе зани доранду чанд лубовникии дигару ва ин зиди арзишхои умумибашари набудаасту, агар касе як хизби сиёси ташкил кард факат кори ана хамон одам зиди башари будааст. Вактхои охир хукумат корхое карда истодааст, ки хатто як кудак хам аз бесавод ва бахилу хасуд буданашон хабар ёфт.

саломат боши Галиначон.
зани халол ва бо никох гирифтан чурму чиноят будааст, вале арусбозию зинокори бо духтаракаон, ки умрашонро месузанд чоизу дуруст будааст.
вой бар холи шумо барин додситонхову козихо.

вообще не понемаю каждому свое если у нас так мало мужчин что делать женщинам тем более они с согласием своим осознано идут на это. незнают на что придератся вот и придумали многоженство. кому надо подтвердить многоженство прокуратура отказывает ссылаясь это очень шаткое дело и женщин оставляют на произвол судьбы!!!!!!!! это проверено!!!!!!

БРАВО,ГАЛЧОНОК!!!После вчерашного моего коммента(07.20)был уверен,что ваша фотография займет правую колонку "Озодагон"Нужны такие мнения,особенно от таких прекрасних имён,,,если это написала бы таджичка(пардон)на вряд ли такой резонанс был.ТО ЛИ ЕЩЁ БУДЕТ.ЗИНДА БОШИ, ХОХАРЧОН!!! ЖДЁМ,ЖДЁМс.

Барои чи харчанд конунхои чори бисёрзанагиро манъ кардааст, вале касе онро риоя намекунад, хатто худи конундонхову конуннависхо хам? барои он ки хар чи ки дар назди конуни шариат халол аст ва онро дини ислом раво донистааст хеч кас пеши рохашро гирифта наметавонад, аз он чумла намози чамоа хонданро хам. бехтар мебуд хама якчоя бар зидди кудакдуздону тачовузкорон ва зинокорон муборизаи беамон бурд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)