Ҳукумат: Ташаббускорони гирдиҳамоӣ қонунро риоя накарданд
Ҳукумати шаҳри Душанбе ба дархости саҳҳомони ширкати “Мовароуннаҳр” дар мавриди ташкили гирдиҳамоӣ ҷавоби рад додааст.
Дар ин бора имрӯз, 16-уми май, дар суҳбат ба хабаргузории “Озодагон” Шавқат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе иттилоъ дод.
Шавқат Саидов дар мавриди далелҳои рад шудани дархост, афзуд, ки “ташаббускорони гирдиҳамоӣ зимни исрсоли огоҳинома ба ҳукумати шаҳри Душанбе талаботи моддаҳои алоҳидаи қонун дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо намоишҳо ва роҳпаймоиҳоро риоя накардаанд.”
Ба суоли “Озодагон”, ки ташаббускорон мушахассан кадом талаботи қонунгузориро риоя накардаанд, Шавқат Саидов илова намуд, ки “дар раддияи шаҳрдорӣ маълумоти бештаре дар ин бора оварда нашудааст.”
Ин дар ҳолест, ки Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи саҳҳомони ҶДММ "Мовароуннаҳр" дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, барои баргузории гирдиҳамоӣ бо ҷалби ҳазорҳо нафар ба ҳукумати шаҳри Душанбе рӯзи душанбеи 13-уми май дархост ирсол намуда буданд ва саҳҳомони ЧДММ "Мовароунахр", ки зиёда аз 800 нафарро ташкил медиханд, барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии худ, дар асоси моддаи 1 конуни ҶТ "Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва раҳпаймоиҳои осоишта" интизор буданд, ки ҳукумати Душанбе барои амалӣ гардонидани ҳуқуқи конститутсионияшон дар мавриди гирдиҳамоӣ ба онҳо ҷавоби мусбат медиҳад.
Ин ҳуқуқшинос меафзояд, ки қонун дар бораи гирдиҳамоӣ тӯли 15 соли охир амал дорад, аммо то хол боре ҳам татбиқ нашудааст.
Ба қавли Бузургмеҳр Ёров зерҳимояҳояш рӯзи 12-уми май зимни як ҷаласаи худ тасмим гирифтанд, “3-юми моҳи июн ба хотири озод намудани молу амволашон дар рӯ ба рӯи бинои Маҷлиси Олии кишвар гирдиҳамоӣ менамоянд.” Ба гуфтаи Ёров, саҳҳомони ҶДММ "Мовароуннаҳр” иддао доранд, ки мақомоти судӣ дидаву дониста молу амволашонро озод намекунанд, ки дар сурати идома ёфтани ин раванд, онҳо имкони давом додани сохтмонро надоранд.
Ёдрас менамоем, фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» баъд аз ҳабси Ҷӯрабек Охунов, раиси пешини он дар соли 2010 қатъ шуда, суратҳисоб ё худ молу амволи ин ширкат ба ҳабс гирифта шуд. Саҳҳомони ширкат мегӯянд, мақомот ба ҳар далел монеи давоми кори ширкат мешаванд ва имкон намдиҳанд, ки ширкат биноҳои нимсохтаашро ба итмом расонад ва мизоҷонро бо хона таъмин намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |