Раиси Мовароуннаҳр: Мақомот маро асосан дар бораи гирдиҳамоӣ пурсупос карданд
Турабек Охунов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ширкати сохтмонии “Мувароуннаҳр” мегӯяд, ду рӯз боз мавриди бозпурсии мақомоти умури дохилӣ ва амнияти миллии Тоҷикистон қарор дорад.
Охунов, имрӯз, 16-уми май дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт мақомот асосан дар бораи гирдиҳамоие, ки саҳҳомони ширкат ният доранд, рӯзи 3-юми июн дар Душанбе баргузор кунанд пурсупос намуданд: “Дирӯз аввал дар шуъбаи умури дохилии ноҳияи Сино ва баъдан ба Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе маро бурданд. Бо Абдураҳмон Бузмаков, сардори раёсати ВКД дар Душанбе суҳбат намудем. Имрӯз боз ба шуъбаи шаҳрии Кумитаи амният маро бурданд. Одамон аз Кумитаи амнияти ҷумҳуриявӣ омада суҳбат кардем. Аз мусоҳибҳоям ягон шикоят надорам. Муомилаи хуб карданд. Ба суолҳояшон ҷавоб додам ва онҳо гуфтанд, ки посухҳои маро ба сардоронашон хоҳанд расонд.”
Охунов ташреҳ дод, ки ба мақомот фаҳмондааст, “ман барои чизе даъво надорам ва ширкати “Мовароуннаҳр” ҳам ба ман лозим нест. Аммо саҳҳомон астанд, ки меҳоҳанд додашонро роҳбарияти олии кишвар шунавад ва манзилҳояшонро бозпас гиранд. Дар натиҷаи давутозҳои зиёди чандсола гирдиҳамоиро як роҳи ба саъми масъулин расондани шикоятҳои худ ёфтаанд.”
Ин дар ҳолест, ки ҳукумати шаҳри Душанбе ба дархости саҳҳомони ширкати “Мовароуннаҳр” дар мавриди ташкили гирдиҳамоӣ, имрӯз ҷавоби рад додааст.
Шавқат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе дар мавриди далелҳои рад шудани дархост, ба "Озодагон" гуфт, ки “ташаббускорони гирдиҳамоӣ зимни исрсоли огоҳинома ба ҳукумати шаҳри Душанбе талаботи моддаҳои алоҳидаи қонун дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо намоишҳо ва роҳпаймоиҳоро риоя накардаанд.”
Ба суол ки ташаббускорон мушахассан кадом талаботи қонунгузориро риоя накардаанд, Шавқат Саидов илова намуд, ки “дар раддияи шаҳрдорӣ маълумоти бештаре дар ин бора оварда нашудааст.”
Қаблан Маҳмадулло Асадуллоев, сардори Хадамоти матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, “агар шаҳрдории Душанбе барои ташкили ин гирдиҳамоӣ иҷозат диҳад, мо омодаем тартиботи ҷамъиятию амниятро таъмин кунем. Агар не аз ташкили ин гирдиҳамоӣ ҷилавгирӣ хоҳем кард”
Ният буд саҳҳомоти ширкати "Мовароуннаҳр" барои ҳалли мушкилоташон бо ҷалби ҳазорҳо нафар рӯзи 3-юми июн дар пеши бинои парлумон гирдиҳамоӣ баргузор кунанд.
Ёдрас менамоем, фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» баъд аз ҳабси Ҷӯрабек Охунов, раиси пешини он дар соли 2010 қатъ шуда, суратҳисоб ё худ молу амволи ин ширкат ба ҳабс гирифта шуд. Саҳҳомони ширкат мегӯянд, мақомот ба ҳар далел монеи давоми кори ширкат мешаванд ва имкон намдиҳанд, ки ширкат биноҳои нимсохтаашро ба итмом расонад ва мизоҷонро бо хона таъмин намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |