Қудратиҳои тоҷик дар сурудхонӣ сабқат мекунанд
Нимаи аввали рӯзи 17-уми май, дар Кохи фарҳангии “Ҷомӣ” Фестивал-озмуни сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони “Суруди сарбоз” доир мегардад.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар Фестивали мазкур дастаҳои ҳунарӣ аз Консерваторияи миллии ҷумҳурӣ, афсарону сарбозон аз тамоми вазорату идораҳои қудратӣ ва дастаҳои ҳунарӣ аз ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Гвардияи миллӣ ширкат менамоянд.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар бахшида ба даъвати ҷавонон ба сафи Кувваҳои Мусаллаҳ ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |