Генерал Шералӣ Мирзо дар Одесса амнияти марзҳоро баҳс мекунад
Имрӯз, 16-уми май дар шаҳри Одесса ҷаласаи 69 – уми Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад.
Тавре аз Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ хабар доданд, аз ҷониби Тоҷикистон дар кори ҷаласа муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии кишвар Шералӣ Мирзо иштирок менамояд.
Ба иттилои манбаъ иштирокдорони ҷаласа вазъияти сарҳадҳои хориҷӣ ва масоили ҳамкории муассисаҳои сарҳадоти кишварҳои ИДМ, таҳкими амнияти сарҳадоти давлатҳои узв ва таҷлили 70 - умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро муҳокима мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |