Президент гуфтааст, ҳарбиёни ИМА соли оянда Қирғизистонро тарк мекунанд
Турсунбой Бакир улуу, вакили парлумони Қирғизистон ва намояндаи ҳизби «Ар-Намис» дар ҷаласаи рӯзи 16-уми май гуфтааст, бо Алмазбек Атамбоев, райисҷумҳур дидору гуфтугӯ дошт.
Ба гуфтаи ӯ Атамбоев қотеона изҳор доштааст, ки бо амрикоиҳо дар мавриди ҳузури пойгоҳи низомӣ ҳеч доду гирифте нахоҳанд дошт ва ҳарбиёни ИМА соли 2014 хоки Қирғизистонро тарк мекунанд.
Пойгоҳи низомии Амрико дар Манаси Қирғизистон ҳамеша аз мавзӯъҳои гарм аст. Бештари мансабдорон, коршиносон ва мардуми Қирғизистон мегӯянд, бояд ин пойгоҳ баста ва низомиён ба ватани худ баргарданд. Ахиран, расонаҳо аз тасмими баргузории як гирдиҳамоӣ бо ҳузури садҳо нафар алайҳи ҳузури низомиёни амрикоӣ хабар доданд, аммо он доир нашуд.
Хабарнигори “Озодагон” аз бархе сокинони Қирғизистон пурсид, ки дар мавриди хориҷ кардани пойгоҳи низомии Амрико аз қаламрави кишвар чӣ назар доранд? Андешаи онҳоро дар ин навори видеоӣ бубинед: