Шахси номаълум ба қабати аввали бино дар шаҳри Маскав норинҷаки худсохти дастиро партофтааст.
Тибқи иттилои РБК, ин ҳодиса шаби гузашта дар минтақаи шимолу ғарби пойтахти Русия, дар қароргоҳи додситонии ин минтақа ба вуқӯъ пайваст. Гуфта мешавад, иқтидори маводи тарканда он қадар бузург набудааст ва зимни инфиҷор касе осеб надидааст. Айни замон дар маҳалли ҳодиса раёсати тафтишотии ВКД ва мақомоти дахлдор таҳқиқот мебаранд. {jathumbnail off}
Мӯҳр