Журналист, ки президентро бо кафш зад ба озодӣ баромад
Мунтазир Ал-Зайдӣ, рӯзноманигори ироқӣ, ки бо партоби кафши худ ба сӯи Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури вақти Амрико, равонаи зиндон гардид, пеш аз муҳлат ба озодӣ баромад.
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ Мунтазир Ал-Зайдӣ, ки ба дунболи партоби кафшаш ба сӯи Буши хурдӣ ба муддати се сол равонаи зиндон гардида буд, бо исрори афкори умуми Ироқ, рӯзи 14-уми май, қабл аз анҷоми муҳлати ҷазояш озод шудааст.
Мунтазир Ал-Зайдӣ 14-уми декабри соли 2008 дар охирон нишасти хабарии Буш дар Ироқ кафши худро ба самти раисиҷумҳури вақти Амрико партоб карда, фарёд зада буд: “Ин тӯҳфаи ироқиҳо барои шумо аст. Ин барои ҳамаи бевазанон ва ятимон ва ҳамаи онҳое, ки дар Ироқ кушта шуданд.”
Ин дар ҳолест, ки бар асоси қонуни кайфарии Ироқ ҳар нафаре, агар дар ҷараёни дидори расмии раисиҷумҳури кишваре аз Бағдод ба ӯ тавҳин кунад, равонаи зиндон шуда, дар сурати ба қатл расонидан маҳкум ба эъдом мешавад.
Аммо вакилони мудофеи Аз-Зайдӣ бар ин ақида буданд, ки дидори Буш аз Ироқ дар расонаҳои хабарӣ расмӣ эълон нашуда буд, аз ин рӯ онро ҳамчун сафари ғайричашмдошт ва ғайрирасмӣ номид ва дар ин сурат хабарнигори ироқӣ бояд озод карда шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |