Қирғизистон боз як сафири «бекорхӯҷа»-ашро сабукдуш кард?
Алмазбек Атамбоев, райисҷумҳури Қирғизистон сафири ин кишвар дар Туркманистонро сабукдуш кард.
Расонаҳо бо такя ба доираҳои дипломатии Қирғизистон сабаби аз вазифа гирифтани Бозорбой Мамбетовро «бефаъолиятӣ ва бемасъулиятӣ дар рушди муносибот бо Туркманистон» арзёбӣ кардаанд.
Бозорбой Мамбетов аз моҳи марти соли 2011 сафири Қирғизистон дар Ашқобод таъин шуд. То он замон вай президенти Ассосиатсияи фурӯшандагони нафти Қирғизистон буд ва ҳамзамон ҳамоҳангсозии ҳукумати муваққати кишвар дар умури ЕврАзЭС ва ИДМ-ро бар уҳда дошт.
Қаблан, хабар дода шуд, ки Қирғизистон сафиронеашро, ки уҳдадориҳои худро иҷро намекунанд ва барои рушди муносиботи дуҷониба бо кишвари ҷои кор талош намеварзанд, бозхонд мекунад. То имрӯз ҳашт нафар, аз ҷумла сафирон дар Белорус, Бритониёи Кабир, Малайзия, Покистон, Ҳиндустон, Белгия, Чин, Эрон сабукдуш шуданд ва Туркманистон нуҳумин кишварест, ки курсии раҳбари сафорати Қирғизистон холист.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |