Эмомалӣ Раҳмон роҳи пешгирии фасод дар имтиҳонотро нишон дод
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои кам кардани ришваситонӣ зимни имтиҳонҳо зарур гуфт, ки “муаллимон бояд надонанд, ки дониши киро месанҷанд.”
Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, 15-уми май, зимни боздид аз литсей-интернати президентӣ иброз доштааст. Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳур хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла таъкид кардааст, ки «имтиҳонсупорӣ бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки омӯзгор бо хонанда, довталаб ва ё донишҷӯ робитаи бевосита надошта бошад. Омӯзгор бояд надонад, ки дониши киро месанҷад, то ки амалан имконияти ришваситонӣ ва амалҳои коррупсионӣ аз миён бардошта шавад».
Эмомалӣ Раҳмон инчунин зимни суханронӣ дар назди муҳассилини литсей –интернати президентӣ мужда расонд, ки аз соли оянда сохтмони як бинои наву муосири таълимӣ ва як хобгоҳ барои ин мактаб оғоз меёбад.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур иттилоъ медиҳад, ки барои дар сатҳи баланд муҳайё намудани шароити таълимӣ дар ин литсей маблағгузории давлатии он аз 320 ҳазор сомонии соли 2003 то ба 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ дар соли 2012 расонда шуд. Соли 2013 бошад, барои ташкили фаъолияти босамари ин литсей ҷудо намудани 1 миллиону 840 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст: “Бо ёдоварӣ аз ғамхории доимии давлату ҳукумат ба соҳаи маорифи кишвар ва хусусан ба мактабҳои махсуси хонандагони болаёқат Эмомалӣ Раҳмон муҳассилинро ба хониши аъло, аз бар кардани дастовардҳои муосири илму техника ва технология ва соҳиби касбу ҳунарҳои зарурӣ шудан даъват намуд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |