Баҳси никоҳи хешутаборӣ дар ҲНИТ

Имрӯз, 15-уми май, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо ҷалби руҳониёну зиёиёни кишвар дар Академияи исломии ҳизб мавзӯи никоҳи хешутабориро аз нигоҳи Ислом баррасӣ мекунад.
Масъулини ҲНИТ мегӯянд, ин ҳамоиш айни ҳол дар қароргоҳи марказии ҲНИТ дар шаҳри Душанбе ҷараён дошта, хоҳишмандон метавонанд, ба таври озод иштирок намудоянд.
Ахиран вакили Маҷлиси Намояндагон, Саодат Амиршоева, пешниҳод карда буд, ки никоҳи хешутаборӣ аз роҳи қонун манъ гардад. Ӯ дар шарҳи пешниҳодаш гуфт, никоҳҳои хешутаборӣ сабаби бо нуқс ба дунё омадани атфол мегарданд. Ин пешниҳоди хонум Амиршоева аз тарафи вакилон хуб истиқбол ёфта, ҳоло барои таҳияи тарҳи ислоҳот ба Кодекси оила дар ин замина гурӯҳи корӣ ташкил шудааст.
Аммо бо ин пешниҳод дар Тоҷикистон на ҳам розиянд. Аз ҷумла Қобилҷон БОЕВ, раиси собиқи шӯъбаи фатво дар Шӯрои уламо дар шарҳи далелҳои ин пешниҳод ба “Озодагон” гуфта буд, “ин хости Худост, ки фарзанди солим медиҳад, ё носолим. Издивоҷҳои хешутаборӣ аз замони паёмбар роиҷ буд, ки духтари худро ба Алӣ (с) писари амакашон доданд. Агар хешутаборӣ намешуд, пайғамбар манъ мекард ва Худо мегуфт, ки духтаратро ба хешутабор насупор. Ҳастанд оилаҳое, ки духтари амак, тағо ва хола гирифтаанду фарзандонашон солим аст. Яке донишгоҳи исломӣ тамом кард, яке дигараш донишгоҳи миллӣ. Ҳастанд оилаҳое, ки зан аз дигар минтақа асту худаш аз минтақаи дигар, вале фарзандонашон носолиманд. Паёмбар гуфтааст, ки аз бегона низ гиред.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |