Додгоҳ баҳси Қаюмзоду "Озодӣ"-ро баррасӣ мекунад
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аризаи даъвоии Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори шинохтаи тоҷикро алайҳи Радиои Озодӣ қабул намуда, расман истеҳсолоти судиро оғоз намудааст.
Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Абдуқаюми Қаюмзод, имрӯз, 15-уми май, дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, “айни ҳол ба мо расман маълум шуд, ки додгоҳ истеҳсолотро оғоз намудааст ва рӯзҳои наздик баррасии моҳияти парванда таъин карда мешавад.” Гуфта мешавад, нахустин мулоқоти Қаюмзод бо намояндагони "Озодӣ" дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 20-уми май баргузор мешавад.
Воҳидова таъкид намуд, ки аз додгоҳ рӯёндани маоши Қаюмзодро тайи моҳҳое, ки ба кор нарафтааст ва барқарор намудани ӯ ба ҷои кораш талаб хоҳанд кард.
Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Абдулқаюми Қаюмзод, мегӯяд, қатъи яктарафаи шартнома аз ҷониби Радиои Озодӣ мухолифи Кодекси меҳнати Тоҷикистон аст ва талош хоҳанд кард, ки дар додгоҳ аз ҳаққи Қаюмзод ҳимоя кунанд.
Ин дар ҳолест, ки Хуршед Андамов, раҳбари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе, қазияи қатъи қарордоди ҳамкорӣ бо Қаюмзодро шарҳ додаву гуфт, “ҳам роҳбарияти "Озодӣ" дар Душанбе ва ҳам дар Прага аз қатъи ҳамкорӣ бо Абдуқаюми Қаюмзод хеле мутаассиф аст. Сабаби аслии қатъи қарордод акредитатсия нашудани Қаюмзод дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аст. Бо вуҷуди баҳсу баррасиҳои роҳбарияти Радиои Озодӣ ба Вазорати умури хориҷӣ ин ниҳод ба Қаюмзод акредитатсия надод ва дигар мо маҷбур шудем, қарордодро қатъ кунем, чун тибқи қонунгузориҳои Тоҷикистон хабарнигор бе сабти Вазорати умури хориҷӣ ҳақ надорад, дар “Озодӣ” кор кунад.”
Андамов таъкид кард, қатъи қарордод бо Қаюмзод дар доираи қонунгузории Тоҷикистон сурат гирифтааст: “Дар Кодекси меҳнат ҳолатҳое пешбинӣ шудаанд, ки қатъи қарордоди меҳнатӣ бидуни хоҳиши тарафҳо сурат мегирад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |