Бахшҳо
15 май 2013 10:39Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Эътирози пайвандони Ҳамза Икромзода мурофиаро ба таъхир гузошт

НИЛУФАРИ КАРИМ

Имрӯз, 15-уми май, таҳти пофишори пайвандони Ҳамза Икромзода, маҳбусе, ки тирамоҳи соли гузашта дар зиндони рақами аввали Душанбе фавтид, баррасии додгоҳии марги марҳум ба рӯзи душанбеи 20-уми май гузошта шуд.

Додраси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, имрӯз бо вуҷуди кушода эълон шудани мурофиаи додгоҳии марги Ҳамза Икромзода, ба намояндагони васоити ахбори омма ва масъулини Созмони милали муттаҳид иҷозаи иштирок дар мурофиаро надод.

Рустам Мирзоев, додраси додгоҳи Исмоили Сомонӣ ва раисикунандаи мурофиа, дар шарҳи роҳ надодани ВАО ва намояндагони СММ ба “Озодагон” гуфт, ки “онҳо бояд аз сарраёсати ислоҳоти Вазорати адлия иҷозатнома мегирифтанд.” Далели ин талабот дар боздоштгоҳи муваққатӣ, СИЗО баргузор гардидани мурофиа арзёбӣ мешуд.

Дар ҳамин ҳол додрас ба модар, хоҳар ва бародари Ҳамза Икромзода низ иҷозаи ширкат дар додгоҳро надода, “иштироки танҳо падари ӯро кифоя хонд.” Ин қарори додгоҳ норозигии пайвандонро ба бор овард. Зулайхо Ҷӯраева, модари Ҳамза Икромзода дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ки аз ин шеваи баргузории мурофиаи додгоҳӣ розӣ нест ва талаб кард, ки "мурофиа ба таъхир гузошта шавад." Пайвандон, аз он, ки мурофиа на дар толори додгоҳ, балки дар СИЗО гузаронда мешуд, изҳори норозигӣ карда, таъкид намуданд, ки шоҳидони калидии парванда низ ҳозир нашудаанд. Ба гуфтаи онҳо шоҳидони аслии қазияи марги Икромзода ба зиндони шаҳри Хуҷанд интиқол дода шудаанд.

Амиралӣ Икромзода, бародари Ҳамза гуфт, ягона шоҳиди асосие, ки дар зиндони Душанбе аст, Рафаэл Мақсудов мебошад, ки "имрӯз бояд дар мурофиа иштирок мекард, лекин мақомот гуфтанд, ки ӯ касал аст ва дар додгоҳ ширкат карда наметавонад. То замоне, ки шоҳидони калидии қазия ҳозир нашаванд ва ба ҳамаи хоҳишмандон иҷозаи ҳузурро надиҳанд, мо дар мурофиаи додгоҳӣ ширкат нахоҳем кард."

Дар ниҳоят додрас қарор кард, ки баррасии парванда ба рӯзи дигар гузошта шавад.

Ин дар ҳолест, ки нахустин баррасии марги Ҳамза Икромзода, маҳбусе, ки тирамоҳи соли гузашта дар зиндони рақами аввали Душанбе ба ҳалокат расида буд, миёнаҳои моҳи апрел сурат гирифт ва он ҳам сару садоҳоеро ба бор овард.
Он замон модари Ҳамза Икромзода, гуфт, то замоне ки 9 ҷавобгар барои марги писараш ба додгоҳ ҳозир нашаванд, аз ширкат дар мурофиаи додгоҳӣ худдорӣ хоҳад кард.

Он вақт низ Зулайхо Ҷӯраева, аз шеваи баргузории мурофиаи додгоҳӣ дар робита ба марги писараш дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт изҳори норизоӣ карда, гуфт: “12-уми апрел ба мо аз суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе чанд бор телефон карда гуфтанд, ки рӯзи 15 апрел соати 10:00 ба утоқи №4 биёед, бо Шумо як сӯҳбате дорем. Ҳангоме моро ба толори суд дароварданд, фикр кардам, суҳбаташон дар ин ҷой мегузарад. Аммо ғайричашмдошт пас аз даромадани мо 30 нафари дигар вориди толор шуда, мурофиаи судиро сар намуданд. Мо ба далели ин ки пешакӣ огоҳ набудем ва адвокати мо иштирок надошт, гуфтем дар мурофиа иштирок намекунем.”

Ҷӯраева афзуд, “ҳангоме гуфтем, ширкат намекунем, бародари судшаванда Маҳмуд Исмоилов маро дашном кард ва писарам Амиралиро як нафар аз кормандони суд зада, ба берун кашид.”

Ҳамза Икромзода моҳи сентябри соли 2012 дар зиндони рақами аввали шаҳри Душанбе ба таври мармуз ба ҳалокат расид. Волидонаш мегӯянд, ӯ аз сӯи бархе аз маъмурони зиндон кушта шудааст, вале мақомот онро танҳо худкушӣ медонанд. Бо ин ҳол, Додситонии кулли Тоҷикистон санҷиши ин қазияро ба анҷом нарасонда ва хулосаи худро дар бораи марги Ҳамза Икромзода низ баён надоштааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)