Тураҷонзода оид ба сабр дар баробари беадолатиҳо
Ҳоҷиакбар Тураҷонзода, руҳонии маъруфи тоҷик, дар посух ба хонандаи сомонаи turajon.org, ки пурсидааст, “сукуту хомӯш истодан дар боробари шахс ё гуруҳе, ки ҳуқуқи моро поймол мекунад, оё сабр аст?”, гуфтааст, на.
Тураҷонзода, гуфтааст, “маънои сабр ин нест, ки дар баробари мункар сукут кард, зеро сукут дар баробари мункар дараҷаи пастарини имон аст.” Ҳоҷиакбар аз қавли Расули Худо алайҳиссалом овардааст, ки “Ҳар касе аз шумо кори бадеро бинад, пас ӯро бо дасташ тағйир диҳад, агар бо дасташ қудрати тағйир додан надошта бошад, бо забонаш тағйир диҳад, агар бо забонаш натавонад, пас бо дилаш он кори бадро инкор кунад, ин заъифтарин дараҷаи имон аст.”
Инчунин ин руҳонӣ афзудааст, ки Худо дар Қурьон, сураи Луқмон ояи 17 мавзиъи сабрро чунин таълим додааст: "Намозро барпо дор ва ба кори хайр амр бикун (мардумро) ва аз кори бад боз дор ва ба ончизе, ки ба ту мерасад сабр бикун."
Ҳоҷиакбар ташреҳ додааст, ки инсон дар ҳангоми даъват ва ислоҳи ҷомеа агар ба фишор ва озор аз ҷониби баъзеҳо рӯ ба рӯ шавад, бояд сабр пеша кунад ва ба кори худ идома диҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |